Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ШИРКАТҲОИ АКЦИОНЕРӢ

shirkathoi-akcioneri

ШИРКАТҲОИ АКЦИОНЕРӢ, шакли марказонии капитал ва барпо кардани корхонаҳои калони капиталистиро номанд. Ш. а. дар давраи андухти ибтидоии капитал ба вуҷуд омада, дар давраи капитализми томонополистӣ инкишоф меёбад ва ба шакли асосии корхонаю муассисаҳои капиталистӣ ва баъдтар монополияҳои капиталистии давраи империализм мубаддал мегардад. Баробари инкишофи тарзи капиталистии истеҳсолот дар байни …

Муфассал »

ШИРКАТ

shirkat

ШИРКАТ, дар ҳуқуқи граждании буржуазӣ як навъ ташкилотест, ки фаъолияти тиҷоратӣ бурда, корҳои сохтмонӣ, борбарӣ, истеҳсолӣ ва ғ.-ро анҷом медиҳад. Шакли аз ҳама бештар инкишофёфтаи Ш.-и капиталистӣ ширкатҳои акционеры мебошанд.

Муфассал »

ШИРКАДУ

shirkadu

ШИРКАДУ, як навъ таом. Аз давраҳои қадим дар байни халқҳои Шарқ, аз ҷдумла тоҷикон маъмул аст. Тарзи тайёр кардани Ш. дар аксар ноҳияҳои Тоҷикистон қариб як хел аст. Кадуи расидаро аз пуст ҷудо карда мешуянд, онро одатан чоркунҷа-чоркунҷа бурида, дар об маҳин меҷушонанд. Баъд ба вай шир андохта ба мисли …

Муфассал »

ШИРИНЧАИ ПАХТА

shirinchai-paxta

ШИРИНЧАИ ПАХТА, ширинчаи полиз, як навъ ҳашаротест, ки ба пахта зарар мерасонад. Махсусан ширинчаи пахта (Aphis gossypii, ниг. расм.) бештар зарар меорад. Ширинчаи модинаи бебол (ширинчаи нарина вуҷуд надорад) байзашакл (дарозиаш 1,5—2,1 мм) буда, зард ё сабз мешавад. Баъди зимистонгузаронӣ шираи алафҳои бегонаро мемакад. Дар ҳарор. қариб 12°С 20— 60-то …

Муфассал »

Бемории ШИРИНЧА

shirincha-b

ШИРИНЧА, як навъ бемории пустро гуянд, ки аз таъсири ангезандаҳо (бактерия, дору, хурок ва ғ.) дар кудакони хурдсол пайдо мешавад. Ҳангоми Ш. пуст, луобпарда, ғадудҳои лимфавӣ иллат ёфта, дар қисми муйноки cap, абру, рӯй, ҳасба, обила ва ғ. зоҳир мешавад. Аломатҳои аввалини Ш. дар давраи навзодӣ паидо шуда, дар 2—3-моҳагӣ …

Муфассал »