Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ШИФЕР

shifer

ШИФЕР (нем. Schiefer), масолеҳи бинокориро гӯянд, ки маъмулан аз асбоцемент тайёр карда шуда, барои пушидани бом истифода мебаранд.

Муфассал »

ШИСТОСОМАТОЗҲО

shistosomoz

ШИСТОСОМАТОЗҲО, бемории музмини одаму ҳайвонотро дар мамлакатҳои минтақаи тропикӣ гӯянд. Барангезандаи Ш. гельминтҳо мебошанд. Дар давраи аввали сироят дар пусти бемор ҳасба дамида, хориш ва баъзан таб ҳам мекунад. Одам ба воситаи об сироят меёбад.

Муфассал »

ШИРЧОЙ

shirchoy

ШИРЧОЙ, як навъ таоми миллӣ, ки аз қадимулайём дар байни халқҳои Шарқ, аз ҷумла тоҷикон маъмул аст. Онро ин тавр тайёр мекунанд. Обро дар дег ҷӯшонида ба он каме чои хушк (бадали чой, ягон чизи дигар: алафи ҷояк, чойкаҳак, навдаи санҷид, чормағз ва ғ.) ва мувофиқи табъ намак ҳамроҳ карда, …

Муфассал »

ШИРХОРА

kudak

ШИРХОРА, тифли ширмак, разеъ, кӯдаки ширхурро гӯянд. Давраи ширмакии кудак тақр. 1— 1,5 сол аст. Аз рӯзи таваллуд то якмоҳагӣ давраи навзодӣ ҳисоб мешавад. Вазни навзод ба ҳисоби миёна 3200—3400 (аз 2500 то 4500) г, қадаш 50 (аз 47 то 50) см, даври сараш 32—34 см аст. Дар давраи навзодӣ …

Муфассал »

ШИРХУРҲО

shirxurho

ШИРХУРҲО, ширмакҳо, (Mammalia), як синфи ҷонварони муҳрадорро гуянд. Ш. ҳайвоноти зиндазой буда, бачаашонро бо шир парвариш мекунанд. Дар рӯи замин, теппаи дарахт, хок, об ва ҳаво зиидагӣ мекунанд. Дарозиашон аз 3,8 см то 30 м ва зиёда аз он; вазнашон аз 1,5 г то 150 т.  Аҷдоди қадимаи Ш. хазандаҳои …

Муфассал »