Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

«ШИШАМ»

nota-2

«ШИШАМ» суруди қадимиест, ки Борбади Марвӣ дар аҳди Сосониён тасниф намудааст. Он аз ҷумлаи суруду оҳангҳои наврӯзӣ буда, дар ҷашну ҷамъомадҳои халқӣ иҷро мешуд. И. Раҳимов.

Муфассал »

ШИША

shisha

ШИША, моддаи сахт, аморфӣ, шаффоферо гӯянд, ки дар натиҷаи аз ҳад зиёд хунук кардани гудохтаҳои махсуси оксидҳо (кремний, бор, алюминий, фосфор ва ғ.) ва оксиди металлҳо (литий, калий, магний, сурб ва ғ.) ҳосил мешаванд. Бештар шишаи силикатӣ маъмул аст. Истеҳсоли Ш. дар Мисри Қадим пайдо шудааст (с. 4000 то м.) …

Муфассал »

ШИФТ

shift

ШИФТ, сақфи биноро гӯянд. Ш.-и ёдгориҳои меъмории Осиёи Миёнаро ба ҳар намуд месохтанд. Ба сифатяи масолеҳи Ш. хишти хому пухта, санг, чуб ва ғ. истифода мешуданд. Дар гузашта ба шакли гумбаз сохтани шифти биноҳои бузурги бошукуҳ  (масҷид, мақбара, Мадраса, корвонсарой ва ғ.) маъмул буд. Аксари биноҳои истиқоматие, ки дар а-ҳои …

Муфассал »

ШИРШАВЛА

tajik_dastarkhan_meal

ШИРШАВЛА, шулла, шуллаи ширӣ, як навъ хуроки миллист, ки аз қадим байни халқҳои Шарқ, аз ҷумла тоҷикон маъмул аст. Тарзи пухтани Ш. дар тамоми шаҳру деҳоти Тоҷикистон қариб як хел аст. Ба деги обдор биринҷи шустаро андохта, то нимпаз шуданаш меҷӯшонанд. Баъд ба дег шир андохта (ба 300 г биринҷ …

Муфассал »