Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ШУУРӢ

 ШУУРӢ     (с. тав. ва ваф.номаълум), шоири тоҷик (а. 16). Нисори дар «Музаккир-ул-аҳбобм ба эҷодиёти Ш. баҳои арзанда дода, хаёлоташро «хуб» ва ашъорашро «марғуб» медонад. Дар ашъори парокандаи Ш. шикоят аз замона ва оҳанги . номуродӣ мушоҳида мешавад. Намунае аз мероси у: Гашт рӯзи иду ҳар сӯ дар паяш биштофтем, Ёр …

Муфассал »

ШУУРНОКӢ ВА СТИХИВИЯТ

shuurnoki

ШУУРНОКӢ ВА СТИХИВИЯТ, категорияҳои материализми таърихиро гуянд, ки ҷараёни ҳаёти ҷамъиятиро тавсиф менамоянд. Фаъолияте, ки тавассути одамон мувофиқи мақсади муайян ба вуқуъ мепайвандад, шуурнокӣ ном дорад. Стихиявият бошад, амали бемақсаду маромест, ки низоми муайян надорад ва назорат карда намешавад. Заминаи асосии шуурнокӣ маърифати қонунҳои объективии табиату ҷамъият буда, дар асоси …

Муфассал »

ШУУРИИ КОШОНӢ

ШУУРИИ КОШОНӢ (с. тав. ва ваф. номаълум), шоири форс-тоҷик (а. 16). Шогирди Мӯҳташами Кошонӣ. Девони ашъораш шомили 6 ҳаз. байт (ғазалҳо, рубоиҳо ва қитъаҳо) боқӣ мондааст. Мавзӯи асосии ашъори Ш. К. ишқ аст. Абьёти зерин аз ӯст: Ба ёди зулфи ту дӯшина дидаам хобе, Ки сад рисолаи ошуфта гашт таъбираш. …

Муфассал »

ШУУР

shuur

ШУУР (ар.— душ, огоҳӣ, фаҳм, фикр), шакли олии инъикоси маънавии воқеиятро гуянд, ки танҳо ба инсон хос аст. Он бо нутқ алоқаманд буда, шаклҳои ҳиссиёташ идрок, хотира, тасаввур, тахайюл ва диққат мебошад ва ҳамчун тафаккури абстрактӣ дар мафҳум, ҳукм, хулоса, фарзия, ҳадс, ғоя ифода мегардад. Мафҳуми Ш. ҳам шуури фардӣ …

Муфассал »

ШУУБИЯ

ШУУБИЯ (аз ар.— халқ, мардум, дар Қуръон ба маънои мардуми ғайри араб, аҷамиён омадааст), ҷараёни оппозиционӣ нисбат ба усули ҳукмронии сиёсию фарҳангии арабҳоро гӯянд, ки ох. а. 8 дар байни аҷамиён пайдо шуда буд. Мувофиқи таълимоги Қуръон ислом баробарию бародариро тарғиб мекард, вале аз давраи Умаввиён cap карда дар хилофат …

Муфассал »