Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

САМУР

samur

САМУР (Maries zibellina), ҷонварест аз ҷинси савсор. Рангаш аз цақвагни равшан то бури тира; қафаси синааш доғҳои зардтоб дорад. Дарозии танаш 43—53 см, думаш то 20 см, вазнаш 0,9—1,9 кг. Самури модина нисбат ба Самури нарина хурд аст. Бештар дар бешазори дарахтҳои сӯзанбарги СССР (аз дарёҳои Двинаи Шимолӣ ва Мезен …

Муфассал »

САМУМ

samum-bod

САМУМ (арабӣ), боди гармсели сӯзонест, ки ба самти ғарб ё ҷанубу- ғарбӣ, дар биёбонҳои Африкаи Шимолӣ ва нимҷазираи Араб мевазад. Одатан баҳорон ва тобистон ба самти ғарб ё ҷанубу-ғарбӣ кӯтоҳмуддат вазида, чангу хоки зиёдеро мебарорад.

Муфассал »

САМТҲОИ ОЛАМ

samt

САМТҲОИ ОЛАМ, тарафҳои уфуқ, чор нуқтаи асосии уфуқ: шимол, ҷануб, шарқ ва ғарбро гӯянд. Баъзаи чоряки тарафҳои мувофиқи уфуқро низ Самтҳои олам меноманд: шимолӣ, ҷанубӣ, шарқӣ ва ғарбӣ. Самтҳот оламро мувофиқан ин тавр ишорат мекунанд: Шимол, Ҷануб, Шарқ ва Ғарб ё худ N, S, О (Е) ва W.

Муфассал »