Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ЭЛАСТИКӢ

elastika

ЭЛАСТИКӢ (аз юн. elaeos — чандир), хусусияти макроскопии муқобилат нишон додани қисмҳоро номанд, ки аз таъсири шиддати механики ҳаҷм ё шакли онҳо тағйир меёбад. Э. дар зери таъсири мутақобили атомҳое ба вуҷуд меояд, ки қисмро ташкил медиҳанд. Деформацияи эластикии ҷисмҳо ба шиддати гузошташуда мутаносиб буда бо қонуни Гук муайян мешавад, …

Муфассал »

ЭКТОПАРАЗИТҲО

ektoparazitho

ЭКТОПАРАЗИТҲО (аз юн. ektos — берун ва паразитҳо), паразитҳои берунӣ, паразитҳоеро гуянд, ки дар пусти бадани ҳайвоноту одам зиндагӣ мекунанд. Э. гуруҳи асосии организмҳои эктотрофианд. Баъзе Э. дар бадани соҳибашон беҳаракатанд ва баъзе дигарашон дар бадани ҳомилашон ҳаракат мекунанд. Э. ба тани ҷонварон часпида хуни онҳоро мемаканд.

Муфассал »

ЭКСЦЕНТРИСИТЕТи бурриши конусӣ

exentricitet

ЭКСЦЕНТРИСИТЕТи бурриши конусӣ, ададест, ки ба қисмати масофаи байни нуқтаи бурриши конусӣ ва фокус бар масофа аз ин нуқта то директриссаи мувофик баробар мебошад.

Муфассал »

ЭКСТРАКЦИЯ

extrxiya

ЭКСТРАКЦИЯ (аз лот. extraxtio — ҷудо карда гирифтан), ҷудокунӣ, процесси ба воситаи ҳалкунанда (экстрагент) пурра ё қисман ҷудо кардани омехтаи моддаҳои моеъ ё сахтро гуянд. Қисмҳои таркибии омехта дар ҳалкунанда одатан як хел ҳал намешаванд. Процесси Э. се даври пай дар пай (ба қабатҳо ҷудокунӣ, дуркунии экстрагент ва барқароркунии он)-ро …

Муфассал »

ЭКСПРЕССИОНИЗМ

ЭКСПРЕССИОНИЗМ (аз лот. ех-pressio — ифода), як ҷараёни санъат ва адабиёти Европаро гӯянд, ки тақр. с-ҳои 1905—20 инкишоф ёфтааст. Он олами маънавӣ (субъективӣ)-и инсонро ягона ҳақиқати реали ва зоҳир шудани онро мақсади асосии санъат медонад. Моҳиятан эътирози фардиро ба муқобили нуқсонҳои капитализм ифода векунад. Истилои Э.-ро бори аввал X. Валиден …

Муфассал »