Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ЭЛЕКТРОН

elektron

ЭЛЕКТРОН (юн. elektron — қаҳрабо), зарраи элементарии зарядаш манфии устуворро гуянд, ки спинаш 1 ба —, массааш ба 9-10-28 г, моменти магнитиаш ба магнетони Бор баробар мебошад, ба синфи лейтонҳо мансуб буда, дар таъсири мутақобили суст, таъсири мутақобили электромагнитӣ ва таъсири мутақобили гравитационӣ иштирок мекунад. Ишораташ е— ё е. С. …

Муфассал »

ЭЛЕКТРОМОБИЛ

elektromobil

ЭЛЕКТРОМОБИЛ, як навъ автомобилест, ки бо муҳаррики электрикӣ ҳаракат мекунад. Э. бо қувваи электрик аз батареяҳои аккумуляторӣ ё элементҳои сузишворӣ роҳ меравад. Э. садо ва газҳои заҳрнок надорад ва идора карданаш бисьёр осон аст. Ҳаҷман калон ва зуд-зуд заряднок кардани аккумуляторҳо камбудии Э. мебошад.

Муфассал »

ЭЛЕКТРОМЕТАЛЛУРГИЯ

elektrometallurgiya

ЭЛЕКТРОМЕТАЛЛУРГИЯ, як соҳаи илм ва техникаи металлургияро гуянд. Э. процессҳои бо ҷараёни электрик ва маъдан ва концентратҳо ҳосил кардани металлҳо, гудозиш ва тозакунии металлу хулаҳо, инчунин процессҳои гарм кардан ва ба сохти муайян даровардани металлро дар бар мегирад. Э. аз ду соҳа иборат аст. Соҳаи якуми Э. ба усулҳои электротермӣ …

Муфассал »

ЭЛЕКТРОМАГНИТ

elektromagnit

ЭЛЕКТРОМАГНИТ, магнити сунъиро гуянд, ки майдони магнитии он ҳангоми аз симпечаи ҳастаи ферромагнитӣ гузаштани ҷараёни электрики ба вуҷуд меояд. Электромагнит барои ба вуҷуд овардани майдони магнитӣ дар мошинҳо, таҷҳизоти борбардорӣ (Э.-и борбардор) ва ғ. истифода мешавад.

Муфассал »

ЭЛЕКТРОЛИТҲО

ЭЛЕКТРОЛИТҲО (аз электро… ва юн. lymos — таҷзияшаванда, ҳалшаванда), моддҳои моеъ ё сахт ва системавиро гуянд, ки каму беш ионҳои электрикгузаронанда доранд. Ба маънои маҳдудаш моддаҳоеанд, ки маҳлулашон (тавассути ионцҳое, ки дар натиҷаи диссоцидцияи электролитӣ ҳосил шудаанд) ҷараёни электрикро мегузаронанд. Э. қавӣ ва заиф мешаванд. Э.-и қавӣ дар маҳлули сероб …

Муфассал »