Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ЭПИДЕМИОЛОГИЯ

epidomology

ЭПИДЕМИОЛОГИЯ (аз эпидемия ва …логия), як соҳаи тибро гуянд, ки сабабу қонунияти пайдоиш, дар байни одамон паҳн гаштани бемориҳои сироятӣ, пешгирӣ ва муборизаи зидди онҳоро меомузад. Бемориҳои сироятӣ боиси марги миллионҳо одамон мегаштанд. Истилоҳи Э. барои бемориҳои ғайрисироятӣ, аз қабили бемориҳои дилу рагҳо, асаб, руҳӣ ва ғ. низ истифода мешавад.

Муфассал »

ЭПИГРАММА

sher

ЭПИГРАММА (аз юн. epfgramma — навиштаҷот, катиба), шеъри начандон калонест, ки дар он ягон кас мавриди ҳаҷву масхара қарор мегирад. Аввал дар Юнони Қадим катибаи назмию насриро Э. мегуфтанд. Баъд Катулла ва Марҷиал ба Э. оҳанги ҳаҷву мазҳака додаанд. Э. дар а. 18 дар эҷодиёти Вольтер, Ж. Ж. Руссо, Г. …

Муфассал »

ЭОЦЕН

eocen

ЭОЦЕН (аз юн. eos—шафақи субҳ ва kainos — нав), қисми (замонӣ) эоцен, қисми миёнаи системаи (давраӣ) палеогенро гқянд. Номи Э.-ро аввалин бор с. 1833 геологи англис Ч. Лайел ба илм дохил кард. С 1855 болои Э. ба қисми (замони) олигоцен ва поёни Э. ба қисми (замони) палеоцен ҷудо карда шуданд.

Муфассал »

ЭОЛИТҲО

eolitho

ЭОЛИТҲО (аз лот. eos — шафақ ва lithos — санг), сангпораҳоеро гуянд, ки аз сабаби ба олоти қадим бисьёр шабоҳат доштанашон бостоншиносон саҳван олоти одамони ҷамъияти ибтидоӣ мешумориданд. Ҳоло маълум шудааст, ки чунин сангпораҳои теғадор шакли табиии онҳо будааст.

Муфассал »

ЭНЦИКЛОПЕДИЯИ СОВЕТИИ ТОҶИК

encilklopediya

ЭНЦИКЛОПЕДИЯИ СОВЕТИИ ТОҶИК (ЭСТ), нахустин энциклопедияи универсалии тоҷик, ки мувофиқи қарори КМ ПК Тоҷикистон ва Совети Вазирони РСС Тоҷ. (3 июни 1968, N 198) дар Душанбе нашр мешавад. ЭСТ 8 ҷилд (ҷ. 1—1978; ҷ. 2—1980; ҷ. 3—1981; ҷ. 4-1983; ҷ. 5— 1984; ҷ. 6-1986; ҷ. 7—1987; ҷ., 8-1988 бо тиражи …

Муфассал »