Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат (страница 97)

Маданият ва санъат

МУҲАММАД АБРЕШИМӢ

nophoto

МУҲАММАД АБРЕШИМӢ (соли таваллуд 1518, Машҳад — вафот 1545, ҳамон ҷо), ҳаттот ва шоири форс-тоҷик. Муҳаммад Абрешимӣ аз шогирдони бомаҳорати Султоналии Машҳадӣ аст. Муҳаммад Абрешимӣ бештар дар навиштани хати настаълиқ шӯҳрат пайдо кардааст. Сарчашмаҳо асосан роҷеъ ба санъату маҳорати ҳаттотии Муҳаммад Абрешимӣ сухан рондаанд. Аз осори хаттотии ӯ як қитъа …

Муфассал »

МУҲАЙЯР

musikishinosi

МУҲАЙЯР (ба ҳайрат- андозанда), дар м у с и қ ӣ, шакли озоди асари бо услуби муайян офаридашуда. Дар системаи «Дувоздаҳмақом» номи яке аз 24 шӯъба. Бино ба нишондоди Ҷомӣ қаторовози шӯъбаи Муҳайяр аз пардаҳои зерин иборат аст: А—Ҷ – X—X—Йа—Йҷ—Йх—Йх  Ё худ бо ифодаи cентӣ: —О—180—294—498—702—882—996— 1200 (як октаваи …

Муфассал »

МУҚТАЗАБ

musiki

МУҚТАЗАБ (ар. —буридашуда), номи яке аз баҳрҳои ф аръии арӯз. Ин баҳрро барои он Муқтабоз гӯянд, ки онро аз мунсареҳ бурида гирифтаанд. Рукнҳои ин ду баҳр ба ҳам хеле монанд буда, фақат аз ҷиҳати татиби ҷойгиршавӣ тафовут доранд. Агар дар мунсареҳ аввал рукни мустафъалун, баъд мафъӯлоту ояд, дар Муқтазаб аввал …

Муфассал »

МУҚОНОВ Собит Муқонович

sobit-muqonov-160x200

МУҚОНОВ Собит Муқонович (13. 4. 1900, волости Товзори губ. Оқмулло, ҳозира райони Ҷамбули вилояти Қазоқистони Шимолӣ — 18. 4.1973, Алмаато), нависанда ва ходими ҷамъиятии қазоқ, акад. АФ РСС Қазоқистон (1954). Аз оилав батрак. Аъзои КПСС аз соли 1920. Иштирокчии Ҷан­ги гражданӣ (1918 —1920). Дар Институти профессураи сурх таҳсил кардааст (1930—1935). …

Муфассал »

МУҚИМӢ

nophoto

МУҚИМӢ   (тахаллусаш; номаш Муҳаммад Аминхӯҷа Мирзоаҳмад; 1850, Қӯқанд— 25. 5.1903,ҳамон ҷо), шоири демократи ӯзбек. Аз оилаи нонвой. Падараш Мирзохӯҷа тошкандӣ ва модараш Биби Ойиша аслан хуҷандӣ буд. Аввал ба мадрасаи «Ҳокимойим»-и Қӯқанд дохил шуда, пас аз хатми он дар мадрасаҳои Бухоро низ таҳсил кардааст. Пас аз хатми таҳсил муддате дар …

Муфассал »

МУҚИМОИ ШЕРОЗӢ

nophoto

МУҚИМОИ ШЕРОЗӢ    (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири эронӣ. Дар асри 17 зиндагӣ кардааст. Бо пешаи хайётӣ рӯз мегузаронид ва ба шеъру шоири шавқу ҳанаси зиёде дошт. Девонаш то замони мо нарасидааст, вале ашъори парокандааш дар таазкираву баёӯзҳо дарҷ гардидааст. Дар пайравии шоирони маснависарои форс-тоҷик достоин «Юсуф ва Зулайхо»-ро назм …

Муфассал »

МУҚИМОВ Рахим

nophoto

МУҚИМОВ Рахим (таваллуд 2.12.1922, Самарқанд), адабиётшинос ва драматурги тоҷику ӯзбек. А оилан муаллим. Аъзои Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ  (Коммунистическая Партия Советского Союза) ва соли 1945. Солҳои 1935—1938 дар  Омӯзишгоҳи педагогин тоҷикии Самарқанд, 1938—1941 дар Университети давлатии Ӯзбекистон таҳсил кардааст. Аз соли 1944 дар Университети давлатии Самарқанд ба номи Алишери Навоӣ …

Муфассал »

МУҚАРНАС

mukarnas

МУҚАРНАС (арабӣ пурнақшу нигор), навъи нақшест, ки асосан барои ороиши косаи гунбаз ва калламуқарнас (бошаи сутун) истифода мешавад. Хоси меъмории Осиёи Миёна ва Шарқ буда, дар асрҳои 7—8 пайдо шудааст. Давраи авҷи инкишоф ва мавқеъ гирифтани он ба асрҳои 15—17 рост меояд. Муқарнас вобаста ба мавриди истифода хеле мураккаб мешавад. …

Муфассал »

МУҒУЛЧА

mugulcha

«МУҒУЛЧА» шӯъбаи махсуси мақомҳои силсилаи «Шашмақом». «Муғулча» дар қисми дуюми «наср»-и мақомҳо ҷойгир шуда, ба худ номи ин 6 он мақомро мегирад. Macалан, «Муғулчаи Бузург», «Муғулчаи Дугоҳ», «Муғулчаи Наво» ва ғайра. Ибораи «Муғулча» асосан ба услуби зарбӣ тааллуқ дорад ва ҳамаи шуъбаҳои «Муғулча» бо усули зерин иҷро карда мешаванд: Шуъбаи …

Муфассал »