Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат (страница 90)

Маданият ва санъат

ЛЯДОВ Анатолий Константинович

lidskiy-veniamin

ЛЯДОВ Анатолий Константинович (11. 5. 1855, Петербург — 28. 8. 1914, ҳамон ҷо), бастакор, дирижёр ва педагоги рус. Соли 1878 синфи композицияи Консерваторияи Петербургро дар назди Н. А. Римский-Корсаков хатм намудааст. Аз ҳамон сол дар консерваторияи мазкур (аз 1886 проф) ва Капеллан сурудхонони дарборӣ (аз 1884) дарс додааст. Аз нимаи …

Муфассал »

МУҲИИ ҲИСОРӢ

nophoto

МУҲИИ ҲИСОРӢ Муҳиуддини Абдулазиз (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), насрнависи форс-тоҷик. Дар асри 15 зиндагӣ кардааст. Ҷузъиёти тарҷумаи ҳолаш дар манбаъҳои адабӣ зикр нагардидааст. Асаре бо номи «Сияр-ун-набӣ» (соли таълифаш 1418) дорад, ки аз 12 боб иборат аст. Боби охирини он ҳикояти фавти Муҳаммад ва таърихи мухтасари ҳукмронии чаҳор халифаи …

Муфассал »

МУҲИШ ХӮҚАНДӢ

nophoto

МУҲИШ ХӮҚАНДӢ        (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири зуллисонайн. Дар охири асри 19 — аввали асри 20 умр ба сар бурда аст. Ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ шеър гуфтааст. Ба якчанд шаҳрҳои Осиёи Миёнаву Афғонистон сафар карда, бо шоирону донишмандони давр (Асирӣ, Таҷаллӣ, Насимии Хӯқандӣ) робитаи дӯстӣ ва мукотиба доштааст. …

Муфассал »

МУҲИИ ЛОРӢ

МУҲИИ ЛОРӢ      (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоир ва донишманди асри 15 форс-тоҷик. Зодгоҳаш Лор. Шогирди Ҷалолуддини Давонӣ. Муҳии Лор дар охирҳои ҳаёти худ ба ҳаҷ рафта, дар бозгашт бо номи «Футуҳ-ул-ҳарамайн» маснавие навиштааст. Муҳии Лор дар анвои гуногуни шеър эҷод карда, хусусан ғазалро хуб месурудааст. Ашъори парокандаи ӯ дар …

Муфассал »

МУҲИДДИНОВ Санг

nophoto

МУҲИДДИНОВ Санг таваллуд 2.1.1917, деҳаи Мавлонҷари Поён, ҳозира райони Ҳисор), пахтакор, ветерани меҳнат, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ(1948). Аъзои Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ аз соли 1945. Соли 1937 Мактаби партиявиро хатм кардааст. Солҳои 1937-39 раиси совети қишлоқи Навобод  1941—44 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, 1944—46 китоби якуми Комитети комсомолии район, 1946—48 сардори звенои …

Муфассал »

МУҲИББӢ

nophoto

МУҲИББӢ  (тахаллус.; номаш Қулбобо; соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири тоҷик (асри 16). Дар Бухоро зиндагӣ ва эҷод кардааст. Бино ба маълумоти «Тазкират-уш-шуаро»-и Мутрибӣ кӯкалтошӣ (бародари шир-хораи) мӯътабар ва ҳамзоди машҳури Абдуллохони II будааст. Аз ин рӯ бо номи Қулбобои Кӯкалтош низ шӯҳрат дорад. Мадрасаи Кӯкалтош бо сардории Муҳиббӣ сохта …

Муфассал »

МУҲИБАЛИИ НОЙ РУБОБӢ

nophoto

МУҲИБАЛИИ НОЙ РУБОБӢ) (соли таваллуд ва вафот номаълум), навозанда, бастакор ва мусиқидони охири асри 15 — аввали асри 16 форс-тоҷик. Писари мусаввири машҳур Рустамалии Қиравӣ. Санъати мусиқиро дар зодгоҳаш Ҳирот омӯхтааст. Аз ҷавонӣ навохтани най, рубоб, чанг ва удро аз худ карда, ба номҳои фахрии Устоди Ной, Устоди Рубобӣ мушарраф …

Муфассал »

МУҲАММАДҶАЪФАРИ КИФОЯТ

nophoto

МУҲАММАДҶАЪФАРИ КИФОЯТ  (соли таваллудаш номаълум—вафоташ 1683), хаттоти асри 17 тоҷик. Яке аз устодони хати шикаста. Аслан аз Ҳирот буда, дар Ҳиндустон мезистааст. Баробари навиштани хати шикаста дар таълиқ низ маҳорат доштааст. Дар замони Шоҳиҷаҳон муддатҳо дар девони шоҳӣ машғули хидмат буда, дар аҳди Оламгир вафот кардааст. Намунаи осораш боқист.   …

Муфассал »

МУҲАММАДҲУСАЙНИ ҲИРАВӢ

nophoto

МУҲАММАДҲУСАЙНИ ҲИРАВӢ (соли таваллуд ва вафоташ но­маълум), хушнависи асри 15 форс-тоҷик. Писари Хоҷа Сонени вазир. Ас­лан аз Бохарз буда, дар Ҳирот умр ба сар бурдааст. Муҳаммадҳусайн Ҳиравӣ аз шогирдони Миралии Ҳиравӣ ва Муҳаммадқосими Шодишоҳ аст. Шоҳ Таҳмоспи Сафавӣ Муҳаммадҳусайни Ҳиравиро ба Қазвин даъват кард. Пас аз чанде аз хизмати дарбор …

Муфассал »

МУҲАММАДҲУСАЙНИ ТАБРЕЗӢ

nophoto

МУҲАММАДҲУСАЙНИ ТАБРЕЗӢ  (соли  таваллудаш номаълум — вафоташ 1578, Қазвин), хушнавис ва донишманди форс-тоҷик. Зодгоҳаш шаҳри Табрез. Номи падараш Мавлоно Иноятуллоҳ. Муҳаммадҳусайни Табрезӣ дар Машҳад аз Саидаҳмади Машҳадӣ ва Мирҳайдар навъҳои гуногуни хатро омӯхт. Ҳамроҳи Молики Дайламӣ кор карда, ба такмили хат пардохт. Муҳаммадризои Табрезӣ, Беҳбуди Шоҳаншоҳӣ ва Муҳаммадшариф}) Алиризои Аббосӣ …

Муфассал »