Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУҲИБАЛИИ НОЙ РУБОБӢ

МУҲИБАЛИИ НОЙ РУБОБӢ

nophotoМУҲИБАЛИИ НОЙ РУБОБӢ) (соли таваллуд ва вафот номаълум), навозанда, бастакор ва мусиқидони охири асри 15 — аввали асри 16 форс-тоҷик. Писари мусаввири машҳур Рустамалии Қиравӣ. Санъати мусиқиро дар зодгоҳаш Ҳирот омӯхтааст. Аз ҷавонӣ навохтани най, рубоб, чанг ва удро аз худ карда, ба номҳои фахрии Устоди Ной, Устоди Рубобӣ мушарраф шудааст. Аз падараш санъати хаттоӣ ва сураткаширо низ омӯхта, дар жанро сиёҳқаламӣ (графика) ҳампояи ҳунармандони машҳури замон гардид. Муҳибалии Ной барон наю рубоб асарҳои зиёд, аз ҷумла ба мақомҳои «Ҳусайнӣ», «Кӯчак», «Бу-зург», нақш, амал, пешрав ва савт тасниф намудааст. «Нақши Ной», «Пешрав» Ной» аз таспифоти машҳури ӯст.

А. Раҷабов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …