Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат (страница 87)

Маданият ва санъат

МИРЗОАБДУЛКАРИМИ ТАНБӮРӢ

nophoto-man

МИРЗОАБДУЛКАРИМИ ТАНБӮРӢ            (соли таваллуд ва вафоти номаълум), Ҳофиз, навозанда ва бастакори охири асри 19 ва ибтидои асри 20 тоҷик. Дар навохтани танбӯр сабки хос дошта, ба дараҷаи Мирзоғиёс ва Отаҷалол расидааст. Дар сохтани созҳои мусиқӣ алалхусус (танбӯр) низ дар Бухоро ва берун аз он шӯҳрати зиёде дошт. Дар бобати бо …

Муфассал »

МИРЗО ҲУСАЙНИ ЛОҲИҶӢ

nophoto-man

МИРЗО ҲУСАЙНИ ЛОҲИҶӢ (соли таваллуд номаълум— вафот 1743), файласуфи давраи сафавия, писари файласуфи маъруфи асри 17 Эрон Абдурраззоқи Лоҳиҷӣ. Мувофиқи маълумоти маъхазҳо ӯ «Шамс-ул-яқин» ном асар дорад. «Завоҳир-ул-ҳикам» қисме аз «Шамс-ул-яқин» аст. Дар «Завоҳир-ул-ҳикам» масъалаҳои таърифу тақсими вуҷуди моҳият ва вуҷуд, ваҳдат ва касрат, ҳодис ва қадим, моҳияти ҷисм, моддаву …

Муфассал »

МИРЗО ҚИЛИЧБЕК

nophoto-man

МИРЗО ҚИЛИЧБЕК (1853—1929), нависанда ва маорифпарвари Ҳиндустон. Ба синдӣ асар менавишт. Асосгузори адабиёти муосири синдй. Аввалин романи синдӣ ба қалами Мирзо тааллуқ дорад. Романи иҷтимоии ӯ «Зинат» (оид ба ҳаёти мардуми Синд) соли 1890 ба табъ расид. Дар асарҳояш ба озодии занон даъват карда, усули нави таълимро тартиб намудааст. Дар …

Муфассал »

МИРЗО САЛИМБЕК

nophoto-man

МИРЗО САЛИМБЕК ибни Муҳаммадраҳим мутахаллис ба Салимӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум),. муаррих ва адиби тоҷик. Дар нимаи дуюми асри 19 ва ибтидои асри 20 зиндагӣ ва эҷод кардааст. Гузаштагони Мирзо Салимбек аз Ӯротеппаанд. Мирзо Ризо барои таҳсили илм ба Бухоро омада, сокини ин шаҳр гардидааст. Чанд гоҳ дар мансабҳои …

Муфассал »

МИРЗО РИЗО

nophoto-man

МИРЗО РИЗО (1907, деҳаи Хоҷачилдиёри Ҳисор — 25. 5. 1935, ҳамон ҷо), муборизи фаъоли мустаҳкам намудани Ҳокимияти Советӣ дар Тоҷикистон, яке аз фаъолони коллективонии хоҷагии Кишлоқи республика. Аз оилаи деҳқони камбағал. Аъзои комсомол аз соли 1928. Омӯзишгоҳи мусиқии ш. Хуҷандро хатм кардааст (1929). Солҳои 1929—35 котиби ячейкаи комсомолӣ, Ҷонишини раиси …

Муфассал »

МИРЗО МУҲДММАДҶОНИ КОБУЛӢ

nophoto-man

МИРЗО МУҲДММАДҶОНИ КОБУЛӢ (соли таваллуд номаълум—вафот 1901), яке аз хаттотони хати шикаста. Дар Кобул зиндагӣ ва эҷод кардааст. Шеър низ месуруд. Намунаҳои парокандаи хати шикастаи Мирзо Муҳаммадҷони Кобулӣ дар китобхонаҳои Кобул ва Ҳирот, инчунин дар китобхонаи шахсии хаттот ва шоир Ҳоҷӣ Муҳаммадиброҳими Халил маҳфуз аст. Қитъаи зайл дар рӯзи вафоти …

Муфассал »

МИРЗО МИРОҚОИ ҲУСАЙНИИ ҲИРАВӢ

nophoto-man

МИРЗО МИРОҚОИ ҲУСАЙНИИ ҲИРАВӢ ибни Козимхон (соли таваллуд номаълум— вафот 1913), яке аз устодони хати настаълиқ. Аз хурдсолӣ дар мадрасаи Поиҳисор назди Сӯфӣ Муҳаммадакбари Салҷуқӣ ба машқи хат пардохт, то ба дараҷае ки худ дар настаълиқ устод шуд. Тамоми умраш ба мирзоӣ гузашт. Зиндагии хоксорона ба cap мебурд. Дар поёни …

Муфассал »

МИРЗО МАЛКУМХОН

nophoto

МИРЗО МАЛКУМХОН (тахаллусаш Нозимуддавла; 1833, Исфаҳон—1908, Лозанна, Швейцария), маорифпарвар, публицист ва драматурги эронӣ. Аз оилаи ашроф. Дар Париж таҳсил кардааст. Мутарҷими шахсии шоҳ ва мушовири садри аъзам (сарвазир) буд. Мирзо Малкумхон дар Теҳрон «Фаромӯшхона» ном маҳфиле ташкил намуд, ки дар он як гурӯҳ равшанфикрон гирд омада буданд. Мақсаду мароми асосии …

Муфассал »

МИРДӮСТИИ БӮСТОНИҲОНӢ

nophoto

МИРДӮСТИИ БӮСТОНИҲОНӢ мутахаллис ба Дӯстӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири асри 16 тоҷик. Дар Самарқанд таҳсили илм карда, ба мартабаи мавлавӣ насидааст. Аз илми шеър, хусусан, арӯзу қофия бохабар буда, дар муаммокушоӣ ҳунарманд будааст. Соли 1602 ба Ҳиҷоз рафта, дар бозгашт роҳи Ҳиндустонро пеш мегирад ва дар шаҳри Неъматобод …

Муфассал »

МИРДАРДИ ДЕҲЛАВӢ

nophoto

МИРДАРДИ ДЕҲЛАВӢ (1721,. Деҳлӣ — 1785, ҳамон ҷо), шоири форсизабони Ҳиндустон. Аз оилаи шоири соҳибдевон Муҳаммадносири Андалеб. Мирдарди Деҳлавӣ ашъорашро ба форсӣ ва урду менавишт. Аз ӯ ду девони ғазалиёт (яке ба форсӣ, дигаре ба урду) боқӣ мондааст. Ба қалами шоир асарҳои Мансурӣ «Асрори салавот» ва «Воқеоти Дард» низ мансубанд. …

Муфассал »