Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МИРЗО САЛИМБЕК

МИРЗО САЛИМБЕК

nophoto-manМИРЗО САЛИМБЕК ибни Муҳаммадраҳим мутахаллис ба Салимӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум),. муаррих ва адиби тоҷик. Дар нимаи дуюми асри 19 ва ибтидои асри 20 зиндагӣ ва эҷод кардааст. Гузаштагони Мирзо Салимбек аз Ӯротеппаанд. Мирзо Ризо барои таҳсили илм ба Бухоро омада, сокини ин шаҳр гардидааст. Чанд гоҳ дар мансабҳои расмии аморати Бухоро буда, солҳои охири умраш аз кор дур карда шуд. Аз таълифоти ӯ доир ба таърих китобе бо унвони «Кашкули Салимӣ» боқӣ мондааст, ки он доир ба таърихи Бухоро маълумоти гуногунро дар бар мегирад. Муҳимтарин хидмати Мирзо Ризо дар ҷабҳаи адабиёт ин аст, ки тазкираи «Тӯҳфат-ул-аҳбоб фӣ тазкират-ил-асҳаб»-и Возеҳро бо «Замима»-и худаш ба чоп расонд. Дар «Замима» шарҳи ҳол ва намунаи эҷодиёти адибони давраи охири Бyxopo, чун Айнӣ, Ҳамдӣ, Мунзим, Фитрат ва дигарон, инчуннн намунаҳои осори худашро илова кардааст. Тазкираи Возеҳ бо «Замима»-и Мирзо Ризо соли 1914 дар Тошкент нашр гардидааст. Матни «Кашкули Салимӣ» низ дар Тошкент ба табъ расидааст.

Ҷ. Азизқулов.

 

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …