Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат (страница 83)

Маданият ва санъат

МИРХАЛИЛИ МУСАВВИР

nophoto-man

МИРХАЛИЛИ МУСАВВИР (соли таваллуд ва вафот номаълум), мусаввири охири асри 14 — аввали асри 15. Дар хусуси ҳаёту фаъолияти Мирхалили Мусаввир тазкиранависи асри 16 Дӯстмуҳаммад дар асари худ «Ҳолоти ҳунарварон» (1544) маълумот додааст. Аз он гуфтаҳо чуннн бармеояд, ки Мирхалили Мусаввир сабку усули нигориши хоса дошта, дар ҳунари мусаввирӣ мумтоз …

Муфассал »

МИРФАҲМИИ БАДАХШӢ

nophoto-man

МИРФАҲМИИ БАДАХШӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири тоҷик. Дар асри 16 умр ба cap бурдааст. Мирфаҳмии Бадахшӣ дар Бадахшон ба дуньё омада, он ҷо ба камол расида­аст. Баъд роҳи Самарқандро пеш гирифта ва дар доираҳои адабии он шаҳр шӯҳрат ёфтааст. Пас аз ин ба Ҳиндустон рафта, ба хидмати ҳокимо …

Муфассал »

МИРСАНҶАРИ KОШОНӢ

nophoto-man

МИРСАНҶАРИ KОШОНӢ (соли таваллуд номаълум вафот 1023), шоири эронӣ. Қисми зиёди умрашро дар Ҳиндустон гузаронида аст. Писари Рафеӣ Мирҳайдари Муаммоии Koшонӣ. Ҳамроҳи падараш аз Эрон ба Ҳиндустон рафта, дар дарбори Акбар хидмат кардааст. Пай дар васфи шоҳзодагон ва амирони дар­бори Акбар қасидаҳои мадуи сурудааст. Дар дарбори Иброҳими Одилшоҳ ном ҳокимп …

Муфассал »

МИРСАИДАЛӢ

nophoto-man

МИРСАИДАЛӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), мусаввири асри 16. Писари минётуркаш Мир Мусаввир. Давраи аввали эҷодиёташ дар китобхонаи Табрез гузаштааст. Яке аз минётурҳои «Хамса»-и Низомӣ, ки солҳои 1539—43 дар он ҷо китобат шудааст (дар Музеи Британияи Лон­дон маҳфуз аст), намунаи ҳунари ӯст. Он «Маҷнун дар назди хаймаи Лайлӣ» ном дорад. …

Муфассал »

МИРСАИД АЛИИ ҶАВОҲАРРАҚАМ

nophoto-man

МИРСАИД АЛИИ ҶАВОҲАРРАҚАМ (соли таваллуд но­маълум—вафот 1683, Шоҳиҷаҳонободи Деҳлӣ), хаттоти форс-тоҷик. Дар Тирмиз ба дуньё омада, дар Исфаҳон нашъунамо ёфтааст. Мирсаид Алии Ҷавоҳиррақам назди падараш Мирмуҳаммадмуқим, ки аз шогирдони Миримод буд, машқи настаълиқ намуда, ба шеваи Имод майлу рағбат пайдо кард. Дар ҷавонӣ ҳам роҳи падар ба Ҳиндустон рафта, аввал …

Муфассал »

МИРСАИД АҲМАД

nophoto-man

МИРСАИД АҲМАД Ш а м ъ р е з и и М а ш ҳ а д ӣ (соли таваллуд номаълум — вафот 1579), хаттоти форс-тоҷик. Мирсаид Аҳмад дар Машҳад (аз оилаи Саидохон Ҳусайнӣ ном шамърез) таваллуд ёфтааст. Мирсаид Аҳмад яке аз шогирдони хаттоти машҳури Ҳирот Миралии Ҳиравист. Аввал дар …

Муфассал »

МИРНЫЙ Панас

panas-mirniy

МИРНЫЙ Панас (тахаллус, ном ва фамилия— Рудченко Афанасий Яков­левич; 13. 5. 1849, Миргород — 28. 1. 1920, Полтава), нависандаи украин. Аз оилаи амалдори хурд. Соли 1862 Омӯзишгоҳи уездии Гадячскро хатм намуд. Аз соли 1872 асарҳои аввалинаш (шеъри «Украина», ҳикояи «Шайтон гумроҳ кард») чоп шудаанд. Азбаски асарҳояш характери танқидӣ доштанд, маҷбур …

Муфассал »

МИРМУҲАММАДВАФОИ КАРМИНАГӢ

МИРМУҲАММАДВАФОИ КАРМИНАГӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), муаррихи асри 18 тоҷик. Оид ба тарҷумаи ҳол ва фаъо­лияти эҷодии Мирзомуҳаммадвафои Карминагӣ маълумоти кофӣ нест. Танҳо ҳаминаш маълум, ки ӯ дар баъзе асарҳои таърихӣ бо номи Қозӣ Муҳаммадвафои Карминагӣ машҳур буда, солҳои 1745—59 асари таърихии худ «Тӯҳфаи хонӣ» 8 «Таърихи Раҳимхонӣ»-ро навишта, …

Муфассал »

МИРМУҲАММАДАМИНИ БУХОРОӢ

nophoto-man

МИРМУҲАММАДАМИНИ БУХОРОӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), муаррихи асри 17 то­ҷик. Дар Бухоро зиндагӣ карда, баъдтар бо омӯзиши таърихи Осиёи Миёна машғул гардид. Муҳаммадамини Бухороӣ бо амри Убайдуллоҳхон (1702—11) таърихи ҳокимиятт хонро ба забони тоҷикӣ таҳти унвони «Убайдуллоҳнома ё худ «Таърихи Убайдуллохон» навишт. Бақияи ҷараёни зиндагӣ ва фаъолияташ маълум нест. …

Муфассал »

МИРМАҲДАМИ ҲИСОРӢ

nophoto-man

МИРМАҲДАМИ ҲИСОРӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири асри 16 тоҷик. Яке аз шахсони бонуфузи Ҳисор буд. Дар шеър шогирди Қудсии Ҳисорӣ буда, ҳамчун шоири тавоно дар сурудани ғазал шӯҳрат доштааст. Ашъораш ба тав­ри пароканда дар маъхазҳои адабӣ ба назар мерасанд.

Муфассал »