Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МИРСАНҶАРИ KОШОНӢ

МИРСАНҶАРИ KОШОНӢ

nophoto-manМИРСАНҶАРИ KОШОНӢ (соли таваллуд номаълум вафот 1023), шоири эронӣ. Қисми зиёди умрашро дар Ҳиндустон гузаронида аст. Писари Рафеӣ Мирҳайдари Муаммоии Koшонӣ. Ҳамроҳи падараш аз Эрон ба Ҳиндустон рафта, дар дарбори Акбар хидмат кардааст. Пай дар васфи шоҳзодагон ва амирони дар­бори Акбар қасидаҳои мадуи сурудааст. Дар дарбори Иброҳими Одилшоҳ ном ҳокимп шаҳри Бочопур низ хидмат карда, ба обрую эътибор ва ҳадьяҳои гаронбаҳо соҳиб гаштааст. Мирсанҷари Кошонӣ дар баробари қасидасароӣ дар сурудани ғазал низ маҳорати комил дошта, яке аз устодонн ин жанр ба шумор мерафтааст. Девони қасоид ва ғазалиёташ аз 4 ҳазор байт иборат аст. Инчунин соқиномао бо унвони «Хумхона» (400 байт) ва маснавие дар баҳри ҳазаҷ (600 байт) аз таълифоти ӯст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …