Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МИРСАИД АЛИИ ҶАВОҲАРРАҚАМ

МИРСАИД АЛИИ ҶАВОҲАРРАҚАМ

nophoto-manМИРСАИД АЛИИ ҶАВОҲАРРАҚАМ (соли таваллуд но­маълум—вафот 1683, Шоҳиҷаҳонободи Деҳлӣ), хаттоти форс-тоҷик. Дар Тирмиз ба дуньё омада, дар Исфаҳон нашъунамо ёфтааст. Мирсаид Алии Ҷавоҳиррақам назди падараш Мирмуҳаммадмуқим, ки аз шогирдони Миримод буд, машқи настаълиқ намуда, ба шеваи Имод майлу рағбат пайдо кард. Дар ҷавонӣ ҳам роҳи падар ба Ҳиндустон рафта, аввал дар дарбори Шоҳҷаҳон ва баъд Аврангзеб китобдорӣ ва хаттотӣ кард ва бо лақаби Ҷавоҳиррақам шӯҳрат ёфт. Аз намунаҳои ха­ти ӯ қитъаҳои музаҳҳаб, мубассаъ ва ҳошияҳояшон тиллокорӣ ба сабки муғулию ҳиндӣ бо китобати хафӣ дар китобхонаи шахсии фикрии Салҷуқӣ (Афғонистон) маҳфуз аст.

А. Нуров.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …