Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат (страница 62)

Маданият ва санъат

Абдулазиз ибни Абдулваҳоб

Абдулазиз ибни Абдулваҳоб (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), мусаввир ва хаттоти тоҷик (асри 16). Бино ба маълумоти муаллифи китоби «Гулистони ҳунар» Қозӣ Аҳмад Абдулазиз аслан аз Кошон будааст. Маҳсули ҳунарашро ба шоҳ Таҳмосби Сафавӣ (ҳукмрониаш 1524 -1576) бахшида, асосан дар китобхонаи ин шоҳ ба мусаввирӣ машғул бу­дааст. Тибқи баъзе аз …

Муфассал »

Абдуқодиров Абдусалом

Абдуқодиров Абдусалом (таваллуд 19. 12. 1949, ноҳияи Ғончӣ), адабиётшиноси ӯзбекзабони Тоҷикистон, доктори илмҳои филология (1998), профессори (1999). Аълочии маорифи Тоҷикистон (1998). Хатмкардаи Институти давлатии педагогии Ленинобод (1974). Пас аз хатми мактаби миёна мудири китобхонаи мактаб, омӯзгор буд ва дар сафи Артиши Шӯравӣ хидмат кардааст (1966 -19 70). Лаборанти калон (1974 …

Муфассал »

Абдуқодири Раҳим

Абдуқодири Раҳим (Раҳимов Абдуқодир; таваллудаш 17. 1. 1961, деҳаи Кафтархонаи ноҳияи Восеъ), шоири тоҷик. Хатмкардаи Омӯзишгоҳи мадани- маърифатии ҷумҳуриявии ноҳияи Ленин (1979) ва факултети филологияи тоҷики УДТ (1984). Корманди телевизиони тоҷик (1984 -19 85), омӯзгори фанни за­бон ва адабиёти тоҷик дар ноҳияи Комсомолобод (1985 – 1987), хабарнигор, котиби масъули рӯзномаи …

Муфассал »

Абдол Бобо Алишоҳи Ироқӣ

Абдол Бобо Алишоҳи Ироқӣ (с.оли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири тоҷик (асри 15). Бо номи Алиф Абдол машҳур буда, бо тахалллусаш «Мутеӣ» низ шеър месурудааст. Мувофиқи маълумоти Ризоқулихони Ҳидоят (тазкираи «Равзат-ус-сафо») Абдол шахси озодманиш буда, бо мансабдорон ва ҳукмронони замонаш душманӣ доштааст ва онҳоро сахт танқид мекардааст. Ашъораш, ки ба …

Муфассал »

Абдол

Абдол (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири форс-тоҷик (асри 16). Дар зодгоҳаш – шаҳри Балхи Афғонистон таҳсил карда ба камол расидааст. Сипас ба мақсади  сайру сафар ба Озарбоҷон ба дарбори ҳукмронони он ҷо роҳ ёфт. Пас аз муддате ба Исфаҳон рафт ва ба хидмати Исмоили Сафавӣ (ҳукмрониаш 1501 -1524)дохил шуд. …

Муфассал »

Абдӣ Мирзосафари Бухороӣ

Абдӣ Мирзосафари Бухороӣ (соли таваллуд номаълум – вафоташ 1886), шоири тоҷик.  Дар «Тазкират-уш-шуаро»-и Мӯҳтарам чун фозилу донишманд, воқиф аз улуми мутадовилаи замон, бедилхон ва бедилфаҳм, муаммодон тавсиф шудааст. Хати хуб доштааст. Аз ин ҷост, ки дар дарбори амир Абдулаҳадхон чун муншӣ хидмат мекард.  Дар сарчашмаҳо аз де­вон доштанаш иттилоъ надодаанд. …

Муфассал »

Абдӣ Мирзоабдуллоҳ

Абдӣ Мирзоабдуллоҳи Самарқандӣ (соли таваллуд, ва вафоташ номаълум), шоири тоҷик. Зодгоҳаш деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ. Пас аз касби камол ба Самарқанд рафт ва муқими он шаҳр шуд, Дар замони салтанати Умархон (ҳукмрониаш 1809 – 1822) ба хидмати дарбори ӯ омад ва дар мансаби надимӣ хидмат мекард. Донишманди фо­зил ҳозирҷавобу базлагӯй …

Муфассал »

Абдӣ Абдуллоҳхоҷа

Абдӣ Абдуллоҳхоҷа (1870, Бухоро – 1922, ҳамон ҷо), тазкиранигор ва шоири тоҷик. Аз оилаи шахси фозилу донишманд, мудариси мадрасаи Искандархони Бухоро Мухторхоҷа. Ин шахе дар вилоятҳои гуногуни Аморати Бухоро машғули корҳои давлатӣ буд. Абдӣ таҳсили ибтидоиро дар назди падараш гирифт ва баъдан таҳсилро дар мадрасаҳои Бухоро идома дод. Баъд аз …

Муфассал »

Абдии Кобулӣ

Абдии Кобулӣ Абдуллоҳхоҷа (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири тоҷик (асри 16). Шахси таҳсил карда ва донишманд будааст. Тазкиранависи тоҷик Мутрибӣ соли 1587 дар Бухоро ба мулозимати ӯ расида, муддате дар манзилаш зистааст. Абдии Кобулӣ нисбат ба Мутрибӣ ҳакки устодӣ дошта, ӯро барои ҷавоб гуфтан ба як қасидаи Осафии Хиравӣ …

Муфассал »

Абдии Исфаҳонӣ Мирабдуллоҳ

Абдии Исфаҳонӣ Мирабдуллоҳ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шо­ири эронӣ (асри 16). Писари шоир Му­ҳаммадалии Табъии Исфаҳонӣ. Дар зодгоҳаш – Исфаҳон таҳсил намуда, илмҳои замонашро аз худ кард. Дар синни камолот ба хидмати дар­бори Сафавиён дохил шуд. Шоири ғазал саро буд. Инчунин ба қалами ӯ маснавии «Одам ва Пари» мансуб …

Муфассал »