Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Абдуқодири Раҳим

Абдуқодири Раҳим

Абдуқодири Раҳим (Раҳимов Абдуқодир; таваллудаш 17. 1. 1961, деҳаи Кафтархонаи ноҳияи Восеъ), шоири тоҷик. Хатмкардаи Омӯзишгоҳи мадани- маърифатии ҷумҳуриявии ноҳияи Ленин (1979) ва факултети филологияи тоҷики УДТ (1984). Корманди телевизиони тоҷик (1984 -19 85), омӯзгори фанни за­бон ва адабиёти тоҷик дар ноҳияи Комсомолобод (1985 – 1987), хабарнигор, котиби масъули рӯзномаи «Мубориз»-и ноҳияи Восеъ (1987 – 1990), муҳаррири калон, мудири шӯъбаи маҷалаи «Фарҳанг» (1990 – 1993), мухбири газетаи «Ҷумҳурият» (1993 – 1999) буд.

Аз соли 1999 мудири шӯъбаи фарҳанги ҳамин нашрия. Фаъолияти эҷодии Абдуқодири Раҳим охири солҳои 80 асри 20 оғоз шуд. Беҳтарин намунаҳои осораш дар маҷмӯаҳои ашъор ва нигоштаҳои мансури «Дуруғи шабнам» (1993), «Чароғи ошноӣ» (1997), «Ҷилваи як нола» (1998), «Нусхаи парешонӣ» (2000), «Рӯшноӣ» (2003), «Фиреби меҳр» (2003), «Хилвати Ойина» (2005), «Духтари афсонаҳо» (2006) гирд омадаанд.

Мавзӯи ашъори Абдуқодири Раҳим васфи Ватан инсондӯстӣ, зебоиҳои табиати кишвар, ишқу ҷавонӣ, андешаҳои фалсафӣ дар бораи маънии зиндагӣ ва ғафра мебошанд. Абдуқодири Раҳим дорандаи ҷоизаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (1995), узви ИЖ Тоҷикистон (1994). Бо медали «Хизмати шоиста» (2010) сарфароз гардидааст. Аз соли 1994 узви ИН Тоҷикистон.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …