Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат (страница 56)

Маданият ва санъат

Абдурашидов Исо

abdurashidov-iso

Абдурашидов Исо (таваллуд 15. 3. 1947, деҳаи Сангонели ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ), актёри театр ва кинои тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1999). Хатмкардаи факулте­ти санъати Институти давлатии педагогии Душанбе (1972). Актёр (1972 – 89) ва директори (1989 – 2008) Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи Абулқосим Лоҳутӣ. Аз соли …

Муфассал »

Абдурашидов Абдувалӣ

Абдурашидов Абдувалӣ Абдулмаҷидович (таваллуд 9.1.1959, Душан­бе), навозанда, донанда ва муҳаққиқи мусиқии тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2001). Хатмкардаи мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе (1976) ва Консерваторияи давлатии Тошканд (1981). Баҳри такмили илму ҳунари хеш ва омӯзиши анъанаҳои мусиқии суннатии Шарқ, аз ҷумла анъанаи касбии шифоҳии «устод ва шогирд» дар …

Муфассал »

Абдураҳмонов Фуод

abdurahmonov-fuod

Абдураҳмонов Фуод Ҳасан- Углӣ (28. 4. 1915, Нуха – 15. 6. 1971, Боку), ҳайкалтароши озар, узви вобастаи Академияи Рассомии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР (1949), Рассоми халқии Республикаи Советии Сотсиалистии Озарбойҷон  (1955), Ҳодими хиз- матнишондодаи санъати Республикаи Советии Сотсиалистии Озарбойҷон. Хатмкардаи Академияи Рассомии Ленинград (1940). Фаъолияти эҷодиаш ҳанӯз дар солҳои …

Муфассал »

Абдураҳмонов Гурез

Абдураҳмонов Гурез (1915, Ёвон – 2. 2. 1974. собиқ ноҳияи Куйбишеви вилояти Хатлон), сарояндаи тоҷик, Коркуни хизматнишондодаи мада­нияти РСС Тоҷикистон (1971). Иштирокчии ҶБВ (1941 – 1945). Санъати сарояндагиро худомӯзӣ карда, сипас яке аз пайравони услуби Ҷӯраев Шариф гарди­дааст. Дар тӯли фаъолияти эҷодиаш узви бисёр дастаҳои ҳаваскорони санъат ва роҳбари клубу …

Муфассал »

Абдураҳмонов Аскар

Абдураҳмонов Аскар (таваллудаш  15 3.1937, деҳаи Шидзи ноҳияи Рӯшон), санъатшинос, профессор (1993), Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон (1991). Хатмкардаи Донишкадаи давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарскийи шаҳри Москва (1960). Муддате дар театри мусиқию мазҳакавии вилоятии шаҳри Хуҷанд ва Театри давла­тии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ чун актёр …

Муфассал »

Абдураззоқов Ҳабибулло

Абдураззоқов Ҳабибулло (таваллудаш  7.11.1937, шаҳри Кӯлоб), актёр ва режис­сёр. Артиста халқии РСС Тоҷикистон (1987). Хатмкардаи факултети актёрии Институти давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарскийи Москва (1960) ва курси олии режиссёрии Академияи санъати шаҳри Москва (1964). Актёри Театри ҷумҳуриявии мазҳакаи мусиқии ба номи А. С. Пушкини шаҳри Ленинобод (ҳозира …

Муфассал »

Абдуннабӣ Фахруззамонии Қазвинӣ

Абдуннабӣ Фахруззамонии Қазвинӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоир ва адиби эронӣ (охири асри 16 – ибттдои асри 17). Дар зодгоҳаш – Қазвин илмҳои мутадовилаи замонашро омӯхт ва ба шеъру шоирӣ дар синни камолот майлу рағбат пайдо намуд. Дар 19-солагӣ ба Машҳад омад ва аз он ҷо ба Ҳиндустон рафт. …

Муфассал »

Абдуманнонов Абдураҳмон

Абдуманнонов Абдураҳмон (таваллудаш 6. 4. 1947, ноҳияи Бӯстонлиқи Ӯз­бекистон), адабиётшинос, мунаққид ва тарҷумони тоҷик. Хатмкардаи УДТ (1968). Ходими илмии Институти шарқшиносии АИ РСС Тоҷикистон (1972 – 1975), муҳаррири калони илмӣ ва мудири редаксияи таърихи Сарредаксияи илмии ЭСТ (1975 – 1978), ходими илмӣ, муовини директори ИЗА (1979 -1991), муовини раиси ИН …

Муфассал »

Абдумамадов Султонмаҳмуд

Абдумамадов Султонмаҳмуд (таваллудаш 1934, деҳаи Роштқалъаи ноҳияи Роштқалъа), сароянда, Ҳофизи халқии РСС Тоҷикистон (1986). Солҳои 1956 – 1962 солисти Ансамбли тарона ва рақси Помир, 1962 – 1965 роҳбари бадеии хонаи маданияти ноҳияи Шуғнон, 1966 – 1994 артисти Театри мазҳакаи мусиқии вилоятии шашри Хоруғ буд. Овози форам ва истеъдоди хуби сарояндагӣ …

Муфассал »

Абдулҷаббори Ургутии Самарқандӣ

Абдулҷаббори Ургутии Самарқандӣ (1831/1832, Ургут – 1912, ҳамон ҷо), хаттот ва шоири тоҷик. Яке аз чаҳор нафар ихтироъкорони навъҳои хати настаълиқ. Услуби хаттотии се нафари аввал (Мавлавӣ Соқӣ Муҳаммад, Сиддиқхони Дарахтӣ, Сиддиқхони Иштихонӣ)-ро минбаъд чандин хушнависон пайравӣ ва аз худ кардаанд, вале тарзу услуби Абдулҷабборро ҳарчанд кӯшида бошанд ҳам, касе …

Муфассал »