Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат (страница 55)

Маданият ва санъат

АБУЛҲАСАНИ ЛУКАРӢ

nomalum

АБУЛҲАСАНИ ЛУКАРӢ Алӣ ибни Муҳаммади Ғазвонй маъруф ба Лукарии Чангзан (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс-тоҷик (нимаи дуюми асри 10). Ҳаёт ва фаъолияти шоирии ӯ, асосан, дар Лукар (яке аз шаҳрҳои наздики Марв) гузаштааст. Ӯ дар чангнавозӣ мақорати хуб доштааст. Шоҳи сомонӣ Нӯҳ ибни Мансур ва вазири ӯ Убайдуллоҳ …

Муфассал »

АБРИ БАҲОР

kitob

«АБРИ БАҲОР», навъи санъати китобат ва усули оро додани саҳифаҳои китоб. Дар зарфи махсус шилми дарахтро бо рангҳои мухталиф ва ширеш омехта, бо ёрии мӯйқалам бо навбат (аз ранги баланд ба ранги паст) пош медоданд. Тавассути шонаи мах­сус ҳар гуна тасвирҳо ҳосил намуда, болои онро бо коғаз мепӯшонданд; баъди чанд …

Муфассал »

Абрбандӣ

Абрбанди

АБРБАНДӢ , санъати гулпартоӣ бо танидани абрешим ва ресмоне, ки дар натиҷаи ҳамкории устохон нусхапарто, абрбанд, рангуборчӣ, кабудгар, қаткушо сурат мегирад. Дар Абрбандӣ нусхапарто тарҳи гули матоъро кашида, абрбанд, рангуборчӣ, кабудгар, каткушо эҷоди ӯро амалӣ мекунанд. Нусхапартоӣ, абрбандӣ ва қаткушоӣ дар абрбандхона, рангдиҳӣ дар устохонаҳои рангубор ва кабудгарӣ сурат мегирад. …

Муфассал »

Абрурраҳмони Танбӯри

Абрурраҳмони Танбӯри Самарқандӣ (соли таваллуд ва вафот но­маълум), оҳангсоз, сароянда ва навозандаи машҳури тоҷик (асри 19). Зодгоҳаш Самарқанд. Бино ба ахбори «Рисола дар баёни «Шашмақом» (1896) санъати овозхонию сознавозиро аввал дар зодгоҳаш фаро гирифта, барои такмили ҳунар ба Бухоро рафтааст. Дар он ҷо бо Қорӣ Каромати Дилкаш, Аҳмади Дониш ва …

Муфассал »

Абдурраҳмони Муҳманд

Абдурраҳмони Муҳманд (номи дигараш Раҳмон Бобо; 1632, деҳаи Баҳодури назди шаҳри Пешовар – 1706, ҳамон ҷо), шоири афғон. Ба забони пашту менавишт. Осораш дар девоне фароҳам омадаанд, ки дар Лоҳур (1876) ва Кобул (1949) ба табъ расидааст. Мавзӯъҳои ашъораш ишқ, панду андарз, ватандӯстӣ, инсондӯстӣ, даъват ба ваҳдати миллӣ ва ғайра …

Муфассал »

Таронаи «Абдурраҳмонбегӣ»

«Абдурраҳмонбегӣ» таронае, ки оҳанги онро ҳофиз ва оҳанг­сози номӣ Абдурраҳмонбег (асри 19) эҷод кардааст. Ин тарона дар асоси қисматҳои таронавии мақоми «Наво» таълиф шудааст. Чунин «Абдурраҳмонбегӣ»-ҳо маъ- руфанд; «Абдурраҳмонбегӣ»-и 1 ва 2. Ин ду асар дар асоси зарбу навоҳои оҳанги «Савти сарвиноз» тасниф шудаанд. Уфари “Абдурраҳмонбегӣ.»- и 2 ба зарбу …

Муфассал »

Абдурраҳмонбег

Абдурраҳмонбег (1856, Бухоро – 1916, ҳамон ҷо), ҳофиз, оҳангсоз ва машшоқи номии тоҷик (асри 19). Зодгоҳаш Бухоро, аслу насабаш аз Насаф аст. Санъати сарояндагӣ ва навозандагиро дар Бухоро аз худ на­мудааст. Зимни ҳамнишинӣ бо устодони «Шашмақом» Бобоҷалол Носирзода ва Бобоғиёс Абдулғанизода ба катори беҳтарин хонандагону сарояндагони мақомҳои классикӣ расидааст. Абдурраҳмонбег …

Муфассал »

Абдурраҳими Низорӣ

Абдурраҳими Низорӣ (1770, Қошғар – 1848, Турфон), шоир ва хаттоти уйғур. Дар дарбори ҳокими Қошгар Зуҳуриддинбек котибӣ кардааст. Барои мактабу мадрасаҳои уйғурӣ дар асоси асарҳои Ҳофиз ва Навоӣ дастурҳои таълимӣ тартиб додааст: «Хоҷа Ҳофиз», «Навоӣ» (1805). Дар адабиёти уйғур нахустин бор 9 достони машҳури адабиёти классикии форс-тоҷик («Фарҳод ва Ши­рин», …

Муфассал »

Абдурраҳимӣ Кӯлобӣ

Абдурраҳимӣ Кӯлобӣ Шоҳ Абдурраҳим ибни Сайид Мирзо Му- ҳаммади Кӯлобӣ (соли таваллуд номаълум – вафот 1870), шоири тоҷик. Бо тахаллусҳои Раҳим, Раҳимӣ, Абдурраҳим ва Абдурраҳимӣ эҷод кардааст. Таҳсили улуми мутадовилаи даврашро дар зодгоҳаш – Кӯлоб оғоз карда, сипас барои идомаи таҳсил ба Бухоро рафт. Аз баъзе шеърҳои Абдурраҳими Кӯлобӣ бармеояд, …

Муфассал »

Абдурашитов Рашит

abdurashidov-rashit

Абдурашитов Рашит (таваллуд 22. 7. 1935, шаҳри Қӯрғонтеппа), рассоми тоҷик. Хатмкардаи Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии рассомии шаҳри Душанбе (1958). Шогирди Г. А. Кузмин ва В. М. Боборикин. Фаъолияти рассомиаш аз соли 1960 оғоз гардида, асарҳои аввалинаш нисбатан содаву одӣ ва бештар ба тасвири манзара бахшида шудаанд («Манзараи баҳор», «Дар гулгашта Театри тобистона», …

Муфассал »