Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат (страница 27)

Маданият ва санъат

РАЙҲОНАРАБ

РАЙҲОНАРАБ, яке аз персонажҳои манфии эпоси «Гӯрӯғлӣ». Достони Райҳонараб дар барнамаи аксари гӯрӯғлигӯйҳо ба назар мерасад. Райҳонараб тимсоли бадӣ буда, борҳо ба Ҷамбули Мастон ҳуҷум оварда, мардумро ғорат кардааст. Ва ниҳоят баҳодурони Ҷамбул ӯро шикаст додаанд. Адл Гӯрӯглӣ, Эпоси халқии то­ҷик гӯянда Қурбоналӣ Раҷаб, ҷ-ҳои 1— 2, Д., 1962—63. Қ. …

Муфассал »

РАДОИФ-УЛ-АШЪОР

books

РАДОИФ-УЛ-АШЪОР маҷмӯаи ашъори мунтахаби шоирони давраҳои гуногун, ки аз тарафи мухлисони адабиёт, адибону шоирон гирдоварӣ мешаванд. Радоид-ул-ашъор ба тартиби ҳуруфоти арабӣ аз рӯт радифи байтҳои ғазал, қасида ва ғайра мураттаб мегардад. Анъанаи тартиб додани Радоид-ул-ашъор дар таърихи адабиёти тоҷик тақрибан аз асри 16 оғоз ёфта, дар асрҳои 18—19 ривоҷ гирифтааст. …

Муфассал »

РАДИФ

sher

РАДИФ (арабӣ касе, ки дар як асп аз паси каси дигар менишинад), дар илми қофия ҳиҷо, калима ё ибораеро гӯянд, ки дар охири мисраъҳо баъд аз қофия такрор мешавад. Масалан, дар ин шоъри Рӯдакӣ «мардӣ» Радиф аст; Гар бар сари нафси худ ямирӣ, мардӣ, Бар қӯру кар ар нуқта нагири, …

Муфассал »

РАДД-УЛ-АҶЗ ИЛА-С-САДР

sher

РАДД-УЛ-АҶЗ ИЛА-С-САДР  як навъ санъати бадеӣ, ки мувофиқи он калимаи аввали байт дар охири оп такрор мешавад (дар арӯз ва илми бадеъ рукни якуми мисраи якум — садр, рукни охирин — арӯз, рукни якуми мисраи дуюм — ибтидо, охиринаш — аҷз ва рукнҳои мобайнии ҳар ду мисраро ҳашв меноманд). Масалан: …

Муфассал »

«РАВШАНЧАРОҒ»

nota-2

« РАВШАНЧАРОҒ » 1) оҳанги қадимии маросимӣ аз таснифоти Борбади Марвӣ барои ҷашни Наврӯз. Равшанчароғ аслан дар маросими киштукор яд­ро мешудааст ва бо нома «Алҳони кашоварзон» низ машҳур аст. 2) Шӯъбаи созӣ дар «Ҳаштмақом», ки пас аз шӯъбаҳои «Дилкушо» ва «Бӯстон» меояд. 3) Гӯшаи созӣ дар таркиби шӯъбаҳои «Найрез» ва …

Муфассал »

РАБТ – завязка

books

РАБТ, гиреҳбанди воқеа, завязка, яке аз ҷузъҳои сюжети асари ба­деӣ, лаҳзае, ки асар бо он оғоз шу­да (инчунин конфликт ба миён гузошта мешавад), боиси cap задани рӯйдодҳои дигар мегардад. Рабт гоҳо дар оғози роман ё повест (масалан, дар «Анна Каренина-и Л.Толстой), баъзан пас аз экспозитсия меояд. Рабтро дар охири асари …

Муфассал »

РАБОТИ МАЛИК

rabat_malik

РАБОТИ МАЛИК , ёдгории меъмории асри 11, корвонсарои Дашти Ма­лик, дар сари роҳи Бухоро ва Кар­мина, ки соли 1078—1079 дар аҳди Шамсулмалики Наср сохта шудааст. Работи Малик чоркунҷа (86 X 86) буда, бо девори баландиаш 12 м иҳота шуда­аст, ки бо марзаи аз хиштҳои батартиб чидашуда интиҳо меёбад. Қад-қади деворҳо …

Муфассал »

РАБОТ

rabot

РАБОТ дар ибтидои асрҳои миёна яке аз чор қисми шаҳр дар Осиёи Миёна, Эрон ва Афғонистонро гӯянд. Шаҳрҳо дар ин давра аз куҳандиз, шаҳристон ва қабристон иборат буданд. Одатан қисми нисбатан наву сарсабзи шаҳр ё берун аз онро Работ меномиданд. Дар он бозор, дӯконҳои савдою ҳунармандӣ ва ғайра ҷой мегирифтанд. …

Муфассал »

ПЕСА

pesa

ПЕСА (аз Франс, piece — қисм), 1) асари драмавие, ки барои дар те­атр (ҳамчунин телевизион ва радио) таҳия намудаи офарида мешавад (ниг. Драма). 2) Асари хурди мусиқиест, ки барои сози якканавозӣ ё ансамбли навозандагон эҷод шудааст.

Муфассал »