Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат (страница 127)

Маданият ва санъат

Оинакорӣ

0

Оинакорӣ, маҷмӯи корҳои бинокорист, ки ба мақсади оинабандии дару тиреза, витринаву чароғҳои танвирии бинову иншоот ва ғайра иҷро карда мешавад. Дар вақти Оинакорӣ навъҳои гуногуни шиша (шишаи тиреза. шишаи витрина, шишаи рахдор. шишаи ранга ва ғайра), инчунин шишаблокҳову «шишапакетҳоро истифода мебаранд. Оинакорӣ асосан аз ду марҳила иборат аст: буридани шиша …

Муфассал »

Оинаи искандари

Оинаи искандари, Оинаи Сикандарӣ, Оинаи И с к а н д а рия, яке аз образҳои бадеии маъмул дар назму насри форс-тоҷик. Бо номҳои «Оинаи гетинамо», «Оинаи ҷаҳоннамо» низ вомехӯрад. Мурод аз Оинаи искандарӣ оинаест, ки мувофиқи ривоятҳо Арасту сохта, ба манораи баҳрии шаҳри Искандария насб карда будааст. Дар он …

Муфассал »

Оилаи забонҳо

0

Оилаи забонҳо, маҷмӯи забонҳои хеш, ки аз як забони мабдаъ ба вуҷуд омадаанд. Масалан, забонҳои славянӣ, балтӣ, ҳиндӣ, эронӣ, германӣ, романӣ, арманӣ ва ғайра забонҳои хеш шуда, Оилаи забонҳои ҳиндуевропоиро (нигаред забондои ҳиндуевропоӣ) ташкил медиҳанд. Миқдори Оилаи забонҳо дар адабиёти илмӣ ҳар хел (20 ва аз он зиёдтар) қайд шудааст. …

Муфассал »

Озодвори Чангӣ

Озодвори Чангӣ (562, Истахр — 625, ҳамон ҷо), мутриба, мусиқидони машҳури форс- тоҷик. Чанд муддат дар дарбори Хусрави Парвиз хизмат карда, дастаи занону духтарони санъаткорро сарварӣ менамуд. Озодвори Чангӣ асосан дар чангнавозӣ шӯҳрат пайдо карда, аз аввалин занони санъаткори касбӣ ба шумор мерафт. Бо ташаббуси ӯ дар аҳди Сосониён дастаи занону …

Муфассал »

Озодвор

0

«Озодвор» 1) Оҳанг, суруди қадимиест, мансуб ба Озодвори Ҷангй. 2. Шуъбаи созӣ дар «Понздаҳмақом». 3) Гӯшаи алоҳидаи созӣ дар «Дувоздаҳмақом», ки дар байни шуъбаҳои «Наврӯзи сабо» ва «Наврӯзи хоро» чун қисмати илова- гии созӣ барои такмили ин шуъбаҳо истифода мешудааст. Озод дар мусиқии асрҳои 14—15 чун гӯшаи алоҳи­даи созӣ амал …

Муфассал »

Озод Мирғуломалихон

Озод Мирғуломалихон (1705, қасабаи Балгироми Ҳиндустон — 1785), тазкиранавис ва шоири форсизабони Ҳиндустон. Дар назди уламову фузалои Ҳиндустон таҳсил кардааст. Илми адабиёт ва таърихро аз олими маъруфи замонаш Абдулҷалили Балгироми омӯхтааст. Озод пас аз таҳсили Мадраса тақрибан дар 34-солагӣ ҳамчун донишманди замон шӯҳрат меёбад. Ӯ бисёр шаҳрҳои Ҳиндустону Эрон ва …

Муфассал »

Аминова Озод

Озод (тахаллус; фамилия ва номаш Аминова Озод Муҳиддиновна; соли таваллуд 1933, Ленинобод), шоираи сове­тии тоҷик. Духтари Муҳиддин Аминзода. Аъзои КПСС аз соли 1970. Институти давлатии педагогии Ленинободро хатм кард (1958). То соли 1970 дар мактабҳои райони Хуҷанд аз за­бон ва адабиёти тоҷик дарс медод. Аз соли 1971 мудири шуъбаи газетаи …

Муфассал »

Озарии Тӯсӣ

Озарии Тӯсӣ Шайх Ҷалолуддин Алии Ҳамза ибни Алии Малик Ҳошимии Байҳақии Исфароинии Марвазӣ (1380, Исфарони — 1462, ҳамон ҷо), шоири мутасаввифи форс-тоҷик. Озарии Тӯсӣ муддате дар Тӯс зиндагӣ карда аз ин сабаб ба «Тӯсӣ» маъруф шудааст. Озарии Тӯсӣ дар ҷавонӣ ба шеъру шоирӣ пардохта, аввалҳо маддоҳи Шохрух ва маликушшуарои дарбори …

Муфассал »

Озар

Озар (тахаллус; номаш Лутфалибек Оғохон ибни Бегдилӣ; 1722, Исфаҳон — 1780), шоир ва адабиётшинос, тазкиранигори эронӣ. Дар шахри Қуми Эрон, ки оилаи Озар пас аз таваллуди ӯ ба он ҷо кӯчид,таҳсил кардааст. Аз хурдсолӣ ба шеъргӯӣ шурӯъ намуд. Устодаш дар шеъру адаб Муштоқи Исфаҳонӣ буд. Дар маҷлисҳои адабии Муштоқи Исфаҳонӣ, …

Муфассал »

Одоевский Владимир Фёдорович

0

Одоевский Владимир Фёдорович (13. 8. 1803, Москва — И. 3. 1869; ҳамон ҷо), нависанда, файласуф, педа­гог ва мунаққиди мусиқии рус. Дар пансиони ашрофопи Университети Москва маълумот гирифт (1816—22). Ӯ муассис ва раиси ташкилоти ҳикматдӯстон («Любомудри») буд (1823—25). Солҳои 1824—25 ҳамроҳи В. К. Кюхелбенер алманахи «Мнемозина»-po нашр мекард; яке аз ҳодимони …

Муфассал »