Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат (страница 125)

Маданият ва санъат

Опера

01

Опера (итал. opera, айнан — таълиф аз лотинӣ opera — меҳнат, маснуот, асар), жанри санъати мусиқӣ-драмавиест. Асоси Опера— либретто дар ин жанр бо воситаҳои драматургияи мусиқӣ, пеш аз ҳама, тавассути мусиқии вокалӣ (овозӣ) таҷассумкунанда мешавад. Опера ҳамчун жанри мураккаб дар худ намудҳои гуногуни саноеъ: драматургия, мусиқӣ, санъати тасвирӣ, хореография ва …

Муфассал »

Онанд Мулк Роҷ

0

Онанд Мулк Роҷ (таваллуд 12. 12. 1905, Пешовар), нависанда ва ҳоди­ми ҷамъиятии ҳинду. Ба забони англисӣ менависад. Университети Лондонро хатм кардааст (1929). Доктори фалсафа, профессори Университети Панҷоб (1962). Соли 1996 ҳамроҳи Саҷҷод Зоҳир Ассосиасияи нависандагони прогрессивии Ҳиндустонро таъсис дода аст. Солҳои ҷанги граждании Испания дар таълифоти публисистиаш республикачиёнро тарафдорӣ кардааст …

Муфассал »

Олӣ Неъматхони Шерозӣ

Олӣ Неъматхони Шерозӣ (тахаллус; номаш Мирзомуҳаммади Нуруддин; таваллуд байни 1630—40, Деҳлӣ — вафот 1710), шоири форсизабони Ҳиндустон. Аз оилаи табиб Ҳаким Муҳаммад Фатҳуддин. Олӣ дар ҷавонӣ бо падараш ба Шероз сафар карда, ҳамон ҷо маълумоти ибтидоӣ гириф­та, ба камол мерасад ва дар замони ҳукмронии Шоҳиҷаҳон боз ба Ҳиндустон баргашта, ба …

Муфассал »

Олимӣ Қутбиддин

Олимӣ Қутбиддин (1. 5. 1908, Хуҷанд—3. 3. 1970, Душанбе), ки­норежиссёри советии тоҷик. Ходими Хизматнишондодаи Санъати Республикаи Советии Сотсиалистии  Тоҷикистон  (1958). Яке аз аввалин кормандони кинои тоҷик. Дар курси киноактёрони шаҳри Душанбе ва баъдтар дар Институти давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарский таҳсил кардааст. Шавқу    ҳаваси Олимиро ба санъати …

Муфассал »

Олимов Мирзораҳмат

Олимов Мирзораҳмат (1891, Ху­ҷанд, Ленинободи ҳозира — 15. 6. 1971, Душанбе), наққоши тоҷик. Рассоми Халқии Республикаи Советии Сотсиалистии  Тоҷикистон  (1959). Аъзои КПСС аз соли 1969. Яке аз муборизон ва барпокунандагони фаъоли Ҳокимияти Совети дар Тоҷикистон. Дар оилаи наққош Мирзоолим Носиров таваллуд ёфтааст. Санъати наққоширо аввал аз падар ва баъдтар аз …

Муфассал »

Олимии Доробгардӣ

Олимии Доробгардӣ Мавлоно Мирзосӯҳроб (соли таваллуд номаълум — вафот 1567, Шероз), шоири форс-тоҷик. Бино ба ишораи муаллифи тазкираи «Рӯзи равшан», Олимии Дорогардӣ пас аз касби камол барои такмили дониш ба Шероз рафта, то охири умр дар он ҷо зиндагонӣ кар­дааст. Олимии Доробгардӣ ғазалро шӯрангез месурудааст. Бештари ғазалиёташ —ошиқона. Ашъори парокандаи …

Муфассал »

Олими Самарқандӣ

Олими Самарқандӣ Мавлоно Муҳаммад (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири асри 15 форс-тоҷик. Ҷузъиёти тарҷумаи ҳолаш маълум нест. Навоӣ дар «Маҷолис-ун-нафоис» ӯро яке аз олимон ва адибони машҳуру номдор ва дар шеъру шоирӣ хунарманд номидааст. Олими Самарқандӣ дар Самарканд бо Улугбек ҳамсабақ ва ҳамсӯдбат будааст ва дар бадсҳои илмиву адабӣ …

Муфассал »

Олдриҷ Ҷеймс

0

Олдриҷ (Aldridge) Ҷеймс (таваллуд 10. 7. 1916, Уайт-Ҳилс, Виктория, Австралия), нависанда ва ходими ҷамъиятии англис. Дар коллеҷи савдои Мелбурн хондааст. Соли 1938 ба Англия кӯчид. Фаъолияти журна­листи, ки ба он васила ба бисёр фронтҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон (1939 —45) рафтааст, ба Олдриҷ чун мактаби таҷрибаи ҳаёт ва маҳорат хизмат кард. …

Муфассал »

О’ Кейси

0

О’ Кейси (O’ Casey) Шон (30. 3. 1880, Дублин —18. 9. 1964, Торки, Девоншир), нависандаи ирландӣ. коммунист. Аз оилаи камбағали протестантӣ. Дар трилогияи драмавии «Сояи тирандоз* (1925), «Юно­на ва товус» (1925), «Омоч ва ситораҳо» (1926) аз ҳаракати миллии озодихоҳии солҳои 10—20-и асри 20 нақл кардааст. Дар драмаи қаҳрамонии «Ситора сурх …

Муфассал »

Ойунский Платон

0

Ойунский Платон Алексеевич (И. И. 1893 — 31. 10. 1939), нависандаи советии ёқут, ходими ҷамъиятӣ, асосгузори адабиёти советии ёқут. Дар улуси Татин (ҳозира pайони Алек­сеевск) дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Аъзои КПСС аз соли 1918. Аз аввали соли 1917 аъзои махфили сотсиал-демократҳо буд. Аз оғози Револютсияи феврали 1917 ба муборизаи …

Муфассал »