О’ Кейси (O’ Casey) Шон (30. 3. 1880, Дублин —18. 9. 1964, Торки, Девоншир), нависандаи ирландӣ. коммунист. Аз оилаи камбағали протестантӣ. Дар трилогияи драмавии «Сояи тирандоз* (1925), «Юнона ва товус» (1925), «Омоч ва ситораҳо» (1926) аз ҳаракати миллии озодихоҳии солҳои 10—20-и асри 20 нақл кардааст.
Дар драмаи қаҳрамонии «Ситора сурх мешавад» (1940), «Мазҳакаи аҷоиб», «Хокистари арғувонӣ» (1940), фоҷиаи «Садбаргҳои сурх барои май» (1942), мазҳакаи фантастикии «Хурӯс-дендӣ» (1949), песаи лирикии «Гулхани роҳиб» (1955) ва мазҳакаи «Нағораҳои падар Нед» (1958) О’ Кейси ахлоқи буржуазиро фош ва идеали револютсиониро тарғиб кардааст.
О’ Кейси муаллифи китоби 6-ҷилдаи таърихии ёддоштӣ «Оина дар донаи ман» (1939— 54), маҷмӯаи мақолаҳои танқидӣ ва публитсистист. Дар мақолаҳояш реализмро тарафдорӣ ва натурализму модернизмро маҳкум кардааст. Публитсистнкаи О’ Кейси дар мубориза барои сулҳ мавқеи калон дошт.