Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат (страница 124)

Маданият ва санъат

Ориф Муҳаммадшариф

Ориф Муҳаммадшариф (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоир ва муаррихи нимаи дуюми асри 18 ва аввали асри 19 тоҷик. Дар мавзеи Оғонақии Бухоро ба дунё омадааст. Дар Мад­раса таҳсил карда, илмҳои расмии замонашро омӯхт. Аввал дар ахди амир Шоҳмурод (1785—1800) ва баъд амир Ҳайдар (1800—27) ба сифати воқеанигори дарбор хизмат …

Муфассал »

Ориф Муллоолими Кобулӣ

Ориф Муллоолими Кобулӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоир ва донишманди форсизабони асри 16 Ҳиндустон. Дар Гулбаҳор ном мавзеи тобеи Кобул ба дунё омадааст. Тахаллус «Баҳорӣ» ва дигараш «Рабеӣ». Марди ширинсухан ва базлагӯе буд. Дар тасаввуф ва аҳволи машоихи Ҳиндустон таълифоте чанд ба анҷом расондааст («Шарҳи мақосид ва таҷрид», «Фавотеҳ-ул-вилойа» …

Муфассал »

Орзу Сироҷуддин Алихон

Орзу Сироҷуддин Алихон (1689—1756), шоир ва олими ҳинду. Орзу дар дарбор соҳиби мансаби калон ва пуштибони шоирон будааст. Дар Деҳлӣ ва Лакҳнав зистааст. Ба забонҳои форсӣ ва урду менавишт. Баёзи Орзу «Сироҷ-ул-луғот» аз ашъори шоирони классикии форс-тоҷик ба ҳам омадааст. Ба асарҳои Саъдӣ, Низомӣ ва дигар шарҳ навиштааст. Дар луғати …

Муфассал »

Орз Анвар Ҳусайн

Орз Анвар Ҳусайн (1873, Лакҳнав — 1951, Карочӣ), шоири покистонӣ. Ба забони урду менавишт. Дар оилаи шоир таваллуд шудааст. Яке аз намояндагони барҷастаи мак­таби назми Лакҳнав. Ғазалҳои Орзу дар маҷмӯаҳои «Шикоятҳои Орзу», «Олами Орзу», «Оҳангҳои Орзу» ва «Наи хушоҳанг» гирд омадаанд. Ба қалами Орзу драмаҳои «Зани мутаассиб», «Шарораи зебоӣ», «Моҳтобшаб» …

Муфассал »

Орган

1

Орган (юн. organon — олот, асбоб), асбоби мусиқии клавишдори қадимаи юнониёнро гӯянд. Орган дар Тоҷикистон ҳам даст. Он дар толори консертии Институти давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода насб шудааст (1978). Ин Органро фир­маи «Ригер-клосс»-и Чехославакия сохтааст. Он дорои 2 мануал ва 29 регистр буда, трактурааш механикист. Нигаред.  низ …

Муфассал »

Орбелиане Сулхан Сабо

1

Орбелиане Сулхан Сабо (4. 11. 1658, деҳаи Тандзиа, ҳозира райони Болнисии Республикаи Советии Сотсиалистии Гурҷистон— 6. 2. 1725, Москва), нависанда, олим ва ҳодими сиёсии гурҷӣ. Дар оилаи қозикалони Картли ба дунё омадааст. Тарафдори ҳокими мутлақи бомаърифат буд. Барои наҷот додани Гурҷистон аз зулму истибдоди ачнабиён мубориза бурдааст. Баъди аз эрониён …

Муфассал »

Оратория

1

Оратория (лотинӣ oratoreum — ибодатгоҳ), асари калони «мусиқиест, ки одатан дорои сюжети драмавӣ буда, барои сарояндагон (солистон), хор ва оркестр эҷод мешавад. Оратория бо кантата қаробат дорад, вале аз он бо ҳаҷм, хусусияти эпикию драмавӣ ва сюжет фарқ мекунад. Оратория дар асрҳои 16—17 дар Италия пайдо шудааст. Ба ташаккули Оратория …

Муфассал »

Орази Наво

1

«Орази Наво» номи яке аз шӯъбаҳои «Шашмақом» аст, ки дар қисмати насрии мақоми «Наво» (ҷои 14-ум) амал дорад. Аз рӯи ху­сусиятҳои оҳангӣ, усули дойра ва роҳи хониш ба мақом «Наво» наздик аст. Дар асоси шӯъбаҳои «Орази Наво» ва «Орази Дутоҳ» авҷи «Намуди ораз» тасниф гардидааст.

Муфассал »

Ораз

«Ораз» (арабӣ сг А* — рухсора, чеҳ­ра), 1) номи шӯъбаест дар системаи «Дувоздаҳмақом». Дар қисмати насрии мақомҳои «Наво» ва «Дугоҳ»-и «Шашмақом» амал дошта, бо номи «Орази Наво» ва «Орази Дутоҳ» маъмул аст. Усули дойра, сохти оҳангӣ ва ченаки шеърии «Ораз» дар ҳарду мақом якхела буда, ба пардаҳои ҳар ду мувофиқат …

Муфассал »

Оперетта

01

Оперетта, (италявӣ operetta — опе­раи хурд), асари мусиқии саҳнавист. Мусиқии вокалию созӣ, инчунин рақсу балет ва унсурҳои санъати театриро дар бар гирифта, аз имкониятҳои диалог нисбат ба опера васеътар истифода мебарад. Асоси драма­тургию мусиқии Оперетта, тарона ва рақс аст. Дар Оперетта, мисли опера, аз мусиқии вокалӣ ва созӣ — ария, …

Муфассал »