Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат (страница 117)

Маданият ва санъат

Пастернак Борне Леонидович

pasternak-borne-leonidovich

Пастернак Борне Леонидович (10. 2. 1890, Москва —30. 5. 1960, Пе­ределкино, вилояти Москва), шоири советии рус. Шеърҳои аввалинаш соли 1913 ба табъ расидаанд. Дар маҷмӯъаҳои аввалинаш таъсири равияҳои символизм ва футуризм ба назар мерасад. Дар достони эпикии «Касалии олӣ» (1924, таҳрири 2-юмаш соли 1928) Пастернак образи Владимир Илич Ленинро офарида, …

Муфассал »

Пастел

pastel

Пастел (италявӣ Pasta — хамир), расме, ки бо қаламҳои мулоиму ран­гаи луч (беғилоф) кашидаанд. Пастел аз омехтаи пигментҳои суда бо шилм, шир, баъзан бӯр, гаҷ, сафедии пӯкка тайёр мешавад. Чунин расмҳоро дар коғазҳои шахшӯли муқаррарию ранга, картон, лавҳаи карбосӣ ва ғайра бо қалами Пастел мекашанд. Бо раҳҳо иҷро шудани амал …

Муфассал »

Партитура

partitura

Партитура (аз лотинӣ parlio — чу­до мекунам), дар нота якҷоя сабт кардани ҳамаи овозҳои асарҳои мусиқии вокалӣ, созӣ ва вокалию созиро гӯянд, ки дар он партияи овозҳо (5 созҳо) сатр ба сатр ҷой гирифтааст. Ҳар як зарб ва ҳиссаи гуногуни он дар ҳамаи партияҳо болои ҳам гузошта шудаанд. Партитура имкон …

Муфассал »

Партвии Шерозӣ

Партвии Шерозӣ (соли таваллуд номаълум — вафот 1523), шоири форс-тоҷик. Аз ҷараёни зиндагиаш маълумоте дастрас нест. Партвии Шерозӣ муосир ва дӯсти Ҷалолуддини Давонӣ будааст. Пас аз вафоташ ӯро дар паҳлӯи қабри Шайх Саъдӣ ба хок супурдаанд. Партавии Шеолзӣ шоири тавоно буда, дар ғазалу маснави маҳорати хуб доштааст. Аз эҷодиёташ як …

Муфассал »

Палав

palov

Палав ё худ онро «Ош» низ мегӯянд. Палав ин як намуди  таъоми тоҷикист ва аз қадим дар байни дигар мардуми Осиёи марказӣ маъмул аст. Вобаста ба намуди пухтан ва маводҳои ба он ҳамроҳкунанда намудҳои ош гуногун мешаванд. Тарзи пухтани оши палов: Барои пухтани палов асосан равғани думба равғанҳои растанӣ, гӯшт, …

Муфассал »

Пак Чи Вон

Пак Чи Вон (тахаллус Ё н а м; 5. 3. 1737, Сеул — 10. 12. 1805, ҳамон ҷо), нависанда ва мутафаккири Ко­рея, бузургтарин намояндаи ҳаракати сирхакиха (равияе дар афкори ҷамъиятии охирҳои асрҳои миёнаи Корея, ки бар зидди схоластикаи конфусиячигӣ тавассути тарғиби до­ниши ҳақиқӣ — сирхак мубориза мебурд). Аз оилаи ашрофи …

Муфассал »

Пайравии Соваҷӣ

Пайрави Соваҷӣ Амирбек (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири асри 16 форс-тоҷик. Пайрави Соваҷӣ аз мардуми шаҳри Соваи Эрон буда, пас аз касби камол ба Ҳиндустон рафт ва дар он ҷо зиндгиву эҷод кардааст. Зоҳиран, бо дарбори хукмрони давр — Анбар робитае дошт. Мувофиқи маълумоти тазкираҳо Пайравии Соваҷӣ ғазалсарои бомаҳорате …

Муфассал »

Пайрав Отаҷон Сулаймонӣ

Пайрав (тахаллус; ном ва фамилияаш Отаҷон Сулаймонӣ; 15. 4. 1899, Бухоро — 9. 6. 1933. Самарқанд), шоири советии тоҷик. Аз оилаи савдогари калон. То соли 1911 дар .мактаби ибтидоии Бухо­ро, солҳои 1911—14 дар мадрасаи фор­сии Марв хонда, аз соли 1914 то 1916 дар назди муаллимони хусуси за­бони русӣ омӯхта, аз …

Муфассал »

Пайкори гурд

paykon

«Пайкори гурд» 1) суруди қадимии маросимист. ки дар аҳди Сосониён Борбади Марвӣ барои ҳарбиёни Хусрави Парвиз эҷод кардааст. 2) Шуъбаи созӣ дар «Понздаҳмақом». 3) Гӯшаи мусиқӣ дар таркиби шуъбаҳои «Хаштмақом», «Ҳумоюн» («Дувоздаҳма қом»).

Муфассал »

Пажду Зардушт

Пажду Зардушт ибни Баҳ­ром (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири асри 13 форс-тоҷик. Дар оилаи пайравони зардуштия ба дунё омада, худ низ яке аз рӯҳониёни дини мазкур буд. Аз ҳусни таваҷҷӯҳи Пажду ба дину оини бостони Эрон осори боқимондаи ӯ гувоҳӣ медиҳанд. Яке аз таълифоти машҳури Пажду «Зардуштнома» мебошад, ки …

Муфассал »