Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат (страница 116)

Маданият ва санъат

Пейзаж

peyzaj

Пейзаж (франсия рауsage, аз раys— мамлакат, маҳал), тасвири манзараи табиат дар адабиёти бадеӣ. Пейзаж дар асари бадеӣ мақоми баланд дошта, вобаста ба нияти эҷодии нависанда вазифаҳои гуногуни услубӣ, ғоявӣ ва эстетикиро ба ҷо меорад. Пейзаж  барои равшантар дарк кардани моҳияти бадеии асар фикру андеша, ҳолати рӯҳӣ ва хислатҳои қахрамон ёрӣ …

Муфассал »

Ҳарфи Пе

harfi-p

Пе ҳарфи сеюми алифбои арабиасоси тоҷикист. Қимати ададиаш дар абҷад ба 2 баробар аст. Аз ҳар­фи «не»-и алифбои финиқӣ, ки шаклаш ва маънояш «даҳон» буд, пай­до шудааст. Дар алифбои арабиасоси тоҷикӣ аксаран бо ҳарфи бе  ифода мегардид ва боиси пайдоиши вариантҳои калимаҳо шудааст. Масалан, натвоз — батвоз (нишастгохи паррандагон), батёра …

Муфассал »

Паҳлавон Маҳмуди Ушшоқи Самар­қандӣ

Паҳлавон Маҳмуди Ушшоқи Самар­қандӣ, ҳофиз, навозанда, бастакор ва мусиқишиносӣ асри 15 тоҷик. Зодгоҳаш Самарқанд. Аз ҷавонӣ ба шеъру мусиқӣ ҳавас пайдо карда, аз устодони номии созу овоз ҳунар омӯхтааст. Паҳлавон аввал бо гуштингирӣ рӯз мегузаронидааст. Аз Султонмуҳаммади Удии Самар­қандӣ позукиҳои санъати мусиқиро азхуд намуда, дар навохтани уд, сурудхонӣ маҳорати тамом …

Муфассал »

Паҳлавон Маҳмуд

pahlavon-mahmud

Паҳлавон Маҳмуд (1247, Хоразм-1326, Хева), шоири форс-тоҷик. Таълими ибтидоиро дар Хёва гирифта, ҳунари пӯстину телнакдӯзиро низ омӯхтааст. Баъдтар сафари шаҳрҳои Осиёи Миёна ва Ҳиндустону Эронро ихтиёр намуда, дар ин кишварҳо ҳамчун паҳлавони машҳур ном баровард. Дар Хева аз олам даргузашт. Мақбарааш дар шаҳр барҷост. Паҳлавон Маҳмуд бо тахаллуси  «Қитолӣ» ғазал …

Муфассал »

Паҳлавон Абусаиди Румӣ

Паҳлавон Абусаиди Румӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), ҳофиз. навозанда ва мусиқишиноси асри 15 форс-тоҷик. Зодгоҳаш Рум. Паҳлавӣ илмҳои бадеъ, фалсафа ва риёзиётро мукаммал омӯхта, доир ба саноеи бадеӣ ва мусиқӣ рисолаҳо таълиф кард. Барои такмили ҳунару дониш ба Ҳирот омада, бо Дарвеш Шоҳӣ ҳамкорӣ кардааст. Аз таснифоташ «Амали Рост» …

Муфассал »

Пашенко Леонид Никитич

pashenko-leonid-nikitich

Пашенко Леонид Никитич (таваллудаш 20. 2. 1936, ш. Тираспол, РСС Молд.), шоири советии рус. Аз оилаи хизматчии ҳарбӣ. Аъзои КПСС аз соли 1964. Дар аввали Ҷанги Бузурги Ва­танӣ (1941—1945) ба Тошкент омад. Институти давлатии педагогии шаҳри Тошкентро хатм намуд (1959). Солҳои гуногун дар газетаю журналҳои Ӯзбекистон, Украина ва Тоҷикистон кор …

Муфассал »

Пашенная Вера Николаевна

pashennaya-vera-nikolaevna

Пашенная Вера Николаевна (19. 9. 1887, Москва —28. 10. 1962, ҳамон ҷо), актрисаи советии рус. Артисти Халқии СССР (1937). Аъзои КПСС аз соли 1954. Баъди хатми Омӯзишгоҳи театрии Москва (1907) дар Театри Хурд кор карда, дар песаҳои маишӣ ва мазҳакавӣ, ки ба ҳаёти халқи рус бахшида шуда­анд, бисёр нақшҳои олӣ …

Муфассал »

Паустовский Константин

pautovskiy-konstantin

Паустовский Константин Геор­гиевич (31. 5. 1892, Москва —14. 7. 1968, ҳамон ҷо; оромгодҳаш дар шаҳри Тарусаи вилояти Карлуга), нависандаи советии рус. Ав­валин ҳикояаш («Дар рӯи об») соли 1912 ба табъ расид. Дар Университети Киев   хондааст (1911—13). Пас аз Револютсияи Октябр дар газетаҳо ва баъд дар РОСТА-ю ТАСС (1924—29) ҳамкорӣ кардааст. …

Муфассал »

Патти Аделина

patti-adelina

Патти (Patti) Аделина (19. 2. 1843, Мадрид —27. 9. 1919, Брекнок, Уэлс), сарояндаи италиявӣ (сопранои колоратурӣ). Овози оҳангдори софу чарангосӣ ва маҳорати баланди иҷрокунандагӣ дошт. Аввалин маротиба дар саҳнаи Операи италиявии Ню-Йорк бо партияи Лючия («Лючия ди Ламмермур»-и Донисет­ти) баромад кардааст (1859). Ба бисёр мамлакатҳои ҷаҳон, аз ҷумла чанд карат …

Муфассал »