Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат (страница 113)

Маданият ва санъат

БОМАРШЕ Пйер-Огюстен Карон

267px-dapres_jean-marc_nattier_portrait_de_pierre-augustin_caron_de_beaumarchais

БОМАРШЕ Пйер-Огюстен Карон де (24.1.1732, Порис – 18.5.1799, ҳамон ҷо), драматурги фаронсавӣ. Фаъолияташ чун мусиқинавоз ва муаллими мусиқии духтарони шоҳ Людовики XV оғоз ёфтааст. Баъдан ба драманависӣ рӯй овард (драмаҳои нахустинаш – «Евгения» (1767), «Ду дӯст» (1770). Асари дигари Бомарше «Ёддоштҳо» (1774) иборат аз 4 памфлет мебошад, ки дар он …

Муфассал »

БОЛТУЕВ Мақсудҷон

images

БОЛТУЕВ Мақсудҷон (1890, Хуҷанд – 1974, шаҳри Турсунзода), танбӯрнавоз, ҳофизи халқӣ, оҳангсоз. Шогирди Содирхон Бобошарифов (1847-1931). Аз соли 1908 зери сарпарастии ӯ сознавозӣ ва сароиданро омӯхтааст. Солҳои 1919-20 дар гурӯҳи театрӣ-драмавии мактаби Беҳбудӣ ҳунар омӯхта, дар барномахои сурудхонӣ фаъолона ширкат дошт. Оҳангсозон Прокофев Е., Зубков Н. (1946) дар иҷрои Болтуев …

Муфассал »

БОЛТАНИЁЗИ НАДИМӢ

images

БОЛТАНИЁЗИ НАДИМӢ ибни Қурбонниёз, хаттоти тоҷик (аввали асри 20). Зодгоҳаш Хоразм. Асарҳои «Аҷоибу-л-қисас» (китобаташ 1904, таҳти рақами 879), «Баёз» (китобаташ 1905, 1908, 1909, таҳти рақамҳои 7054, 7009, 6939), «Девони Шиносӣ» (китобаташ 1907, таҳти рақами 911), «Девони Надимӣ» (китобаташ 908, таҳти рақами 902), «Девони Ҳақирӣ» (китобаш 1908, таҳти рақами 1145), «Девони …

Муфассал »

БОҚӢ РАҲИМЗОДА

boqi_rahimzoda-350x300

БОҚӢ РАҲИМЗОДА (то соли 2012 Қурултой), деҳа дар ҷамоати деҳоти Иттифоқи ноҳияи Абдурраҳмони Ҷомӣ. Аз Боқӣ Раҳимзода то маркази ноҳия 1,5 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 4200 нафар (2013). Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, клуб барои баргузории маъракаҳои мардум ва масҷиди панҷвақта дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, ғаллакорӣ, сабзавоткорӣ ва …

Муфассал »

БОҚИМУҲАММАДИ ӮРОТЕППАӢ

images

БОҚИМУҲАММАДИ ӮРОТЕППАӢ хаттоти тоҷик (асри 19). Дар маҳаллаи Боғкалони Ӯротеппа дар оилаи боғбон таваллуд ёфта, назди тағояш, хаттоти номӣ Тӯрахоҷаи Истаравшанӣ таълим гирифтааст. Боқимуҳаммад бисёр ашъор ва асарҳоро китобат кардааст. Аз ҷумла «Нигористон» ном асари китобаткардаи ӯ дар Ганҷинаи дастхатҳои Институти шарқшиносии АИ Ӯзбекистон таҳти рақами 3494 маҳфуз аст.

Муфассал »

БОҚИЛОНӢ Абубакр Муҳаммад ибни Таййиб

images

БОҚИЛОНӢ Абубакр Муҳаммад ибни Таййиб (950, Басра – 1013, Бағдод), мутакаллим ва фақеҳи маъруфи араб, намояидаи ашъария. Илмҳои замонашро дар зодгохаш омӯхта, ба мазҳаби ашъария гароид ва яке аз доиёну мубаллиғони таълимоти ин ҷараён гардид. Азудуддавла ӯро барои баҳсу мунозирахои илмию шаръӣ бо аҳли эътизол ба Шероз даъват кард. Боқилонӣ …

Муфассал »

БОҚИИ ҶАРРОҲИ САМАРҚАНДӢ

images

БОҚИИ ҶАРРОҲИ САМАРҚАНДӢ оҳангсоз, ҳофиз, навозанда, мусиқидон, шоир ва табиби тоҷик (нимаи дуюми асри 16 – аввали асри 17). Зодгоҳаш Самарқанд. Асосҳои назариявию амалии илми мусиқӣ ва дигар илмҳои замонашро аз падараш, ки табибу донишманди машҳур буду табъи шоирӣ низ дошт, омӯхтааст. Баъдтар ба Бухоро рафта, назди Кавкабии Бухороӣ шогирдӣ …

Муфассал »

БОҚИИ ХУМДОНАКӢ

images

БОҚИИ ХУМДОНАКӢ шоири тоҷик (асри 16). Дар Самарқанд таваллуд ёфта, зиндагию эҷод карда­аст. Мувофиқи маълумоти тазкиранигор Мутрибӣ Боқии Хумдонакӣ шоири бомаҳорату хуштабъ будааст. Мутрибӣ инчунин аз соҳибдевон буданаш итгилоъ додааст. Абёти зерин на­мунае аз ашъори Боқии Хумдонакӣ мебошанд: Набарад меҳри ту аз синаи ман моҳи касе, Ҷаҳд кун, то набувад …

Муфассал »

БОҚИИ РУДӢ

images

БОҚИИ РУДӢ (соли таваллуд номаълум, Бухоро – 1560, Ҳирот), оҳангсоз, сароянда, мусиқидон ва шоири тоҷик. Асосҳои ибтидоии шеъру мусиқиро аз падараш омӯхта, барои такмили донишу ҳунар ба Самарқанду Марв ва Ҳирот сафар кардааст. Аз ҷавонӣ ба фарогирии навохтани созҳои мусиқӣ, бахусус руд, қонун, барбат (уд), танбӯр ва зарбгарӣ (дафу доира) …

Муфассал »

БОҚИИ МОВАРОУННАҲРӢ

images

БОҚИИ МОВАРОУННАҲРӢ шоири тоҷик (асри 16). Ҷузъиёти шарҳи ҳолаш дар тазкираҳо наомадааст. Дар тазкираи «Арафоту-л-ошиқин»-и Тақиуддини Авҳадӣ рубоии зерин ба ӯ нисбат дода шудааст: Себи зақанат, ки дода дилҳо ба ҷунун, Ҳолест бар он, ки мебарад дил ба фусун. Не-не, ғалатам ба ғояти лутфу сафо, Себест, ки донааш намояд зи …

Муфассал »