Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / БОҚИИ ХУМДОНАКӢ

БОҚИИ ХУМДОНАКӢ

imagesБОҚИИ ХУМДОНАКӢ шоири тоҷик (асри 16). Дар Самарқанд таваллуд ёфта, зиндагию эҷод карда­аст. Мувофиқи маълумоти тазкиранигор Мутрибӣ Боқии Хумдонакӣ шоири бомаҳорату хуштабъ будааст. Мутрибӣ инчунин аз соҳибдевон буданаш итгилоъ додааст. Абёти зерин на­мунае аз ашъори Боқии Хумдонакӣ мебошанд:

Набарад меҳри ту аз синаи ман моҳи касе,

Ҷаҳд кун, то набувад дар пайи ту оҳи касе.

Хоҳам аз ту нафасе дур набошам, чи кунам?

Нест чун кори ҷаҳон ҳеҷ ба дилхоҳи касе.

Дили моро чу сиришк аз назари хеш марон,

Ба гадоёни дарат ҳайф макун шоҳн касе.

Гар гирифтор шудам аз ғами ишқат, чӣ аҷаб,

Хаёт бисёр аз ин воқеа дар роҳи касе.

Дили Боқӣ макун озурда, ки некӣ набувад,

Ки бувад дар пайи ту оҳи саҳаргоҳи касе.

Адабиёт: Суханварони Ссйқали рӯи замин. Душанбе, 1973.

М. Диловаров.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …