Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат (страница 106)

Маданият ва санъат

МУЛЛОҶОНОВА Шоиста Рубиновна

person

МУЛЛОҶОНОВА Шоиста Рубиновна (таваллуд 3. 9. 1925, Душанбе), сарояндаи советии тоҷик (сопранои лирикӣ). Артисти Халқии Республикаи Советии Сотсиалистии  Тоҷикистон (1957). Фаъолияти сарояндагиаш соли 1941 дар ан­самбли рубобчизанони Филармонияи давлатии Тоҷикистон оғоз ёфт. Соли 1943 Омӯзишгоҳи педаго­гии занонаи Сталинободро хатм намуда, ҳамчун хунарпешаи филар­мония фаъолияташро идома дод. Солҳои 1947—53 дар Консерваторияи …

Муфассал »

МУЛЛОҲОФИЗИ ВОСЕЪ

person

МУЛЛОҲОФИЗИ ВОСЕЪ (соли  таваллуд ва вафот номаълум), ҳофиз, навозанда, бастакори охири асри 19 ва ибтидои асри 20 тоҷик. Аслан аз Ғиждувони Бухоро. Санъати сарояндагию навозандагиро дар зодгоҳаш аз санъаткорони номӣ Меҳтари Туроб, Устотӯла, Устоэргаш омӯхт. Аз аввали фаъолиятн эҷодӣ дар сурудани таронаҳои ахлоқию ирфонӣ қувваозмоӣ намуд. Баъдтар дар иҷрои таронаҳои …

Муфассал »

МУЛЛОҚАНДОВ Авнер Кувнович

person

МУЛЛОҚАНДОВ Авнер Кувнович (таваллуд 28. 3. 1911, Самарканд), сарояндаи операи тоҷик (баритон). Артисти Халқии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон (1941). Аз оилаи хизматчӣ. Аъзои Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС аз сои 1940. Соли 1931 Омӯзишгоҳи мусиқии Ленинободро хатм кардааст. Солҳои 1933—34 артисти Театри мусиқии яҳудиён дар Са­марқанд. Муллоқандов соли 1935 баъди …

Муфассал »

МУЛЛОШОҲ

person

МУЛЛОШОҲ (тахаллус; номаш Шоҳмуҳаммад; 1584, деҳаи Арксои Бадахшон—1661, Кашмир), шоири тоҷик. Дар Ҳиндустон зиндагӣ ва эҷод кардааст. Муллошоҳ аз шоирони мутасаввиф буда, дар эҷодиёташ фикрҳои пешқадам, ақоиди зиддидинӣ — исломи рошидӣ зиёд аст. Рӯҳониёни Деҳлӣ барои ин гуна ақоид ба қатли Муллошоҳ фатво дода буданд, аммо дар мубоҳиса Муллошоҳ бар …

Муфассал »

МУЛЛОНОЗЙ

navo

«МУЛЛОНОЗЙ» яке аз навоҳои (оҳангҳои) мақоми «Ҳиҷоз» аз силсилаи «Дувоздаҳмақом*. Дар қатори «Корсоз», «Рӯи Ироқ», «Ҳиҷози Ироқ» шуъбаи «Ҳисор»-и ин мақомро ташкил медиҳад. Оҳангҳои ин мақом то замони мо нарасидаанд, вале ба шакли пароканда дар мақоми (муғомӣ) «Шӯр»-и озарӣ вомехӯранд. А. Низомов.

Муфассал »

МУЛЛОНАФАС Қодирбердӣ-ӯғлӣ

person

МУЛЛОНАФАС Қодирбердӣ-ӯғлӣ (тақрибан 1810, наздикии Сарахс, Эрон— 1862), шоир ва мусиқинавози туркман. Дар Мадраса хондааст. Муллонафас дар жанрҳои лирикаи ишқӣ ва гоҳо гражданӣ эҷод намудааст. Дар ашъори худ манзараҳои табиати диёрашро тасвир кардааст. Муаллифи девони лирикӣ ва достонҳои «Ман омадам», «Зӯҳро ва Тоҳир» (таҳрири нави адабии варианти халқии Тоҳup ва …

Муфассал »

МУЛЛОМУРТ Оллобердӣ Хоҷаниёз-ӯғлӣ

person

МУЛЛОМУРТ Оллобердӣ Хоҷаниёз-ӯғлӣ (1879—1930), шоири coветии туркман. Аз оилан камбағал. Яке аз асосгузорони назми советии турк­ман. Бо эҷодиёти классикони адабиёти форс-тоҷик ва туркман шинос буд. Дар шеърҳояш сохти навро тараннум кардааст («Болшевик», «Октябри бошараф», «Озодӣ» ва ғайра). Ба муқобпили хурофот мубориза бур­да («Қонуни нонавишти гузаштаи торик»), ба ҳимояи ҳуқуқи занон …

Муфассал »

МУЛЛОЁРИИ ЯЗДӢ

person

МУЛЛОЁРИИ ЯЗДӢ (соли таваллуд номаълум — вафот 1546), шоири форс-тоҷик. Дар шахри Язд дӯкондорӣ кардааст. Муллоёрии Яздӣ шоири ҳаҷвӣ буда, дар баъзе шеърҳояш Ваҳшии Бофқиро ҳаҷв кардааст.  Ваҳшии Бофқӣ низ дар ҷавоби шеърҳои ҳаҷвӣ гуфтааст. Мувофиқи маълумотни манбаъҳои адабӣ Муллоёрии  Яздиро ба куштани касе айбдор намуда, ба қатл маҳкум карданд. …

Муфассал »

МУЛЛОЁРИ ВАНҶӢ

person

МУЛЛОЁРИ ВАНҶӢ  Ёрмуҳаммад (таваллуд 1825 деҳаи Ғума­яки Ванҷ— соли вафоти номаълум), шоири тоҷик. Дар шеърҳояш Ёрӣ тахаллус мекард. Дар чанде аз баёзҳо, махсусан баёзи шоири дарвоз  Авлиёҳусайн баъзе маълумоти тарҷумаиҳолиро оид ба ин шоир дарёфт намудан мумкин аст: дар оилаи деҳқони миёнаҳол ба дунё омада, бо роҳи худомӯзӣ савод бароварда, …

Муфассал »

МУЛАММАЪ

melammah

МУЛАММАЪ (арабӣ— нурпош, ҷилодор, рангоранг), шеърест, ки ба ду забон навишта мешавад. Муламмаъ асо­сан дар адабиёти классикӣ ва бештар дар жанри ғазал дучор меояд. Шоирон як мисраъ ё байтеро ба тоҷикй ва мисраъ ё байти дигарро ба арабӣ мегуфтанд. Бояд байт, мис­раъ ва абёти тоҷикию арабӣ аз ҷиҳати шаклу мазмун …

Муфассал »