Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУЛЛОҚАНДОВ Авнер Кувнович

МУЛЛОҚАНДОВ Авнер Кувнович

personМУЛЛОҚАНДОВ Авнер Кувнович (таваллуд 28. 3. 1911, Самарканд), сарояндаи операи тоҷик (баритон). Артисти Халқии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон (1941). Аз оилаи хизматчӣ. Аъзои Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС аз сои 1940. Соли 1931 Омӯзишгоҳи мусиқии Ленинободро хатм кардааст. Солҳои 1933—34 артисти Театри мусиқии яҳудиён дар Са­марқанд. Муллоқандов соли 1935 баъди хатми курси яксолаи режиссёрии назди Театри драмаи Ӯзбекистон ба номи Ҳамза ба Театри мусиқии тоҷик (аз 1940 Театри давлатии опера ва ба­лети ба номи Садриддин Айнӣ) меояд. Дар ин театр як қатор партияҳои асосиро иҷро кардааст: Неъмат («Ха­лима»-» Ғ. Зафарӣ, 1937), Фирӯз («Лола»-и С. Баласанян ва С. Ур­бах, 1941), Назир («Шӯриши Восеъ»-и С. Баласанян, 1944), Онегин («Евгений Онегин»-и П. И. Чайков­ский, 1946), Эскамилъо («Кармен»-и Ж. Бизе, „1947), Валентин («Фауст»-и В. Вагнер, 1952), Риголетто  («Риголетто»-и Ҷ. Верди, 1953), Ва­лӣ («Аршин мол-олон»-и У. Ҳоҷибеков, 1955), Мазепа («Мазепа*-и П. И. Чайковский, 1956), Шарплес («Чио- чио сан»-и Ҷ. Пуччини, 1956), Ак­рам («Пӯлод ва Гулрӯ»-и Ш. Сайфиддинов. 1957) ва ғайра. Солҳои 1961—62 дар Театри давлатии академии дра­маи  ба номи Лоҳутӣ кор кардааст. Муллоқандов солҳои 1926—64 ҳофизӣ ҳам кар­дааст. Аз соли 1963 ба кори педагогӣ машғул аст. Муллоқандов бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, 2 ордени «Нишони Фахрӣ» ва якчанд медалу грамотаҳо мукофотонида шудааст.

Я. Нурҷонов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …