Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУЛЛОКАНДОВ Авнер Кувнович

МУЛЛОКАНДОВ Авнер Кувнович

personМУЛЛОКАНДОВ Авнер Кувнович (таваллуд 28. 3. 1911, Самарканд), сарояндаи операи точик (баритон). Артисти Халкии Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон (1941). Аз оилаи хизматчи. Аъзои Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС аз сои 1940. Соли 1931 Омузишгохи мусикии Ленинободро хатм кардааст. Солхои 1933—34 артисти Театри мусикии яхудиён дар Са­марканд. Муллокандов соли 1935 баъди хатми курси яксолаи режиссёрии назди Театри драмаи Узбекистон ба номи Хамза ба Театри мусикии точик (аз 1940 Театри давлатии опера ва ба­лети ба номи Садриддин Айни) меояд. Дар ин театр як катор партияхои асосиро ичро кардааст: Неъмат («Ха­лима»-» Г. Зафари, 1937), Фируз («Лола»-и С. Баласанян ва С. Ур­бах, 1941), Назир («Шуриши Восеъ»-и С. Баласанян, 1944), Онегин («Евгений Онегин»-и П. И. Чайков­ский, 1946), Эскамилъо («Кармен»-и Ж. Бизе, „1947), Валентин («Фауст»-и В. Вагнер, 1952), Риголетто  («Риголетто»-и Ч. Верди, 1953), Ва­ли («Аршин мол-олон»-и У. Хочибеков, 1955), Мазепа («Мазепа*-и П. И. Чайковский, 1956), Шарплес («Чио- чио сан»-и Ч. Пуччини, 1956), Ак­рам («Пулод ва Гулру»-и Ш. Сайфиддинов. 1957) ва гайра. Солхои 1961—62 дар Театри давлатии академии дра­маи  ба номи Лохути кор кардааст. Муллокандов солхои 1926—64 хофизи хам кар­дааст. Аз соли 1963 ба кори педагоги машгул аст. Муллокандов бо ордени Байраки Сурхи Мехнат, 2 ордени «Нишони Фахри» ва якчанд медалу грамотахо мукофотонида шудааст.

Я. Нурчонов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …