Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат (страница 105)

Маданият ва санъат

МУНСИФ Миршариф

person

МУНСИФ Миршариф (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири асри 17 то­ҷик. Дар байни мардум бо номи Бобохоҷа низ шуҳрат доштааст. Мунсиф дар эҷоди ашъор ва ифодаи мазмунҳои тоза соҳиби маҳорати комил будааст. Соли 1678 барои такмили илм ба Бухоро меравад ва дар мадрасаи Ғарбия ба омӯзиши ҳандаса, нуҷум, аркони зич …

Муфассал »

МУНОҶОТ

munojot

«МУНОҶОТ», номи як силсилаи машҳури оҳангу сурудҳои классикии тоҷикӣ: «Муноҷот, «Савти Муноҷот», «Оромиҷон», «Уфари Муноҷот*. Фарқи ин оҳангҳо дар рангинии зарбу усул аст: «Уфари Мунодот»: Дар гузашта оҳангҳои «Муноҷот»-ро ҳам­чун ифодаи баъзе афкору ақидаҳои динӣ ҳисоб мекарданд. Аслан Муноҷот силсилаи оҳангу таронаҳои лирикии пурҷозиба, мафтункунанда ва таъсирбахшро дар бар мегирад. …

Муфассал »

МУНИРИ ЛОҲУРӢ Абулбаракот ибни Абдул маҷид

person

МУНИРИ ЛОҲУРӢ Абулбаракот ибни Абдул маҷид (с.оли таваллуд номаълум — вафот 1644), шоири форсизабони Ҳиндустон. Назар ба қавли худи шоир ашъори ӯ 100 ҳазор байтро ташкил мекардааст. Мунири Лоҳурӣ маснавиҳои «Рамзу Имо», «Нуру Сафо», «Обу Ранг», «Созу Барг», «Дарду Алам» ва рисолаҳои «Користон» ,«Сироҷи Мунир», «Шарҳи қасоиди Урфӣ»-ро навиштааст. Ғайр …

Муфассал »

МУНЗИМ Мирзо Абдулвоҳид Бурҳонзода

person

МУНЗИМ Мирзо Абдулвоҳид Бурҳонзода (1877, Бухоро — 5. 3. 1934, Сталинобод), маорифпарвар, шоир ва журналисти советии тоҷик. Аз оилаи амалдор. Дар кӯдакӣ ятим монда, давраи наврасӣ ва ҷавониаш дар хонаи Садри Зиё гузаштааст. Ҳамон ҷо бо Садриддин Айнӣ дӯсти пайдо намуд. Соли 1900 бо супориши Садри Зиё«Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Донишро китобат …

Муфассал »

МУНДИГАК

mundigak

МУНДИГАК, осори бошишгоҳи давраи  энеолит, биринҷӣ ва ибтидои асри оҳан дар Афғонистони Ҷанубист, 55 километр шимоли ғарбтари ш. Қандаҳор воқеъ аст. Солҳои 1951—58 экспедисияи франсавиҳо тадқиқ кард. Дар қабатҳои поёнии археологи (oxири ҳазораи 4 то милод) осори бошишгоҳи деҳқонон ёфт шуд. Бошандагони маҳал дар чархи  кулолӣ маснуоти сафолии мунаққаш месохтанд. …

Муфассал »

МУМТОЗ Муҳаммадобид ибни Муҳаммадаобид

person

МУМТОЗ  Муҳаммадобид ибни Муҳаммадаобид (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоир ва хаттоти асри 17 тоҷик. Аз оилаи ҳунарманд. Дар Самарқанд касби камол карда, дар шеъру шоирӣ шогирди Бадеи Ҷа- молистонӣ (Самарқандӣ) будааст. Ба таъкиди Тоҳири Насрободӣ дар фанни шеър аз устодаш бештар шӯҳрат доштааст. Мумтоз мувофиқи маълумоти Малеҳо шоири соҳибдевон …

Муфассал »

МУМАИ ДУТОРӢ

person

МУМАИ ДУТОРӢ, (соли таваллуд ва вафот номаълум), бастакор, машшоқ, мусиқидони асри 17 тоҷик. Зодгоҳаш Бухоро буда, дар Ҳирот фавтидааст. Аз овони ҷавонӣ ба шеъру мусиқӣ шавқу ҳавас пайдо карда, навохтани танбур, дутор, рубоб, қонунро ба хубӣ омӯхтааст. Дар дуторнавозӣ басо ҳунарманд будааст. Мумаи Дуторӣ чун бастакор низ шӯҳрати калон дошта, …

Муфассал »

МУЛҲАМ Муллоабдуллоҳи Бухороӣ

person

МУЛҲАМ  Муллоабдуллоҳи Бухороӣ (соли таваллуд номаълум — вафот тақрибан 1720), шоири нимаи дуюми асри 17 ва ибтидои аари 18. Тоҷик. Айёми бачагӣ ва таҳсили Мулҳам дар Бухоро гузаштааст. Мулҳам бо намояндагони илму адаби Бухоро ва Самарқанд аз наздик шинос буда, бо тазкиранавис Малеҳои Самарқандӣ мулоқот кардааст. Аз сухани худи шоир …

Муфассал »

МУЛОИМАТ

navo

МУЛОИМАТ (арабӣ        — нармӣ, ҳалимӣ, мувофиқат), дар истилоҳи мусиқии Шарқ номи овоз ва бӯъдҳои (интервалҳои) форам ва ҳамоҳанг. Дар мусиқишиносии имрӯза ба ҷои он истилоҳи консонанс истифода мешавад. Ба Мулоимат зуларбаъ (ҳоло кварта), аулхамс (квинта), аул- кулл (октава), зулкул ва-л-арбаъ (ундесима) зулкул ва-л-хамс (дуоде­сима) барин интервало, ҷинсҳои чор ва панҷ …

Муфассал »