Абдулбобиён, деҳа дар Ҷамоати шаҳраки Обигарм, тобеъ ба шаҳри Роғун. Аз Абдулбобиён то маркази шаҳри Роғун 25 км; роҳ автомобилгард. Аҳолиаш 110 нафар (2009), тоҷикон. Деҳа мактаби ибтидоӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: чорводорӣ, обчакорӣ ва боғдорӣ. Заминҳо аз оби сой ва чашмаӣ Холипарак обёрӣ мешаванд.
Муфассал »Пиряхи Абдуқаҳҳор
Абдуқаҳҳор, пирях дар Помири Ғарбӣ, вокеъ дар пайвандгоҳи Қаторкғҳҳои Ванҷ ва Академияи Фанҳо (баландиаш то 3317 м). Дар натиҷаи пайваст шудани ду пирях ба вуҷуд омадааст. Дарозиаш 11,4 км, масоҳаташ 26,0 км2. Аӣдуқаҳҳор – сарчашмаи дарёи Абдуқаҳҳор (шохоби чапи дарёи Ванҷ). Пиряхи Абдуқаҳҳорро нахустин бор Экспедитсияи шӯравию олмонӣ омӯхтааст (1928).
Муфассал »Дарёчаи Абдуқаҳҳор
Абдуқаҳҳор, дарёчаи кғҳӣ, яке аз шохобҳои чапи дарёи Ванҷ дар Помири Ғарбӣ. Аз пиряхи Абдуқаҳҳор ибтидо гирифта, дар Хирсдара ҷорӣ мешавад. Дарозиаш 13 км. Давраи серобиаш июл – август, камобиаш октябр – март. Манбааш пирях ва барф. Ҳар сари чанд вақт (1937,1951,1963, 1973) дар натиҷаи ба пеш хазидани пиряхи Хирсон …
Муфассал »Абалак
Абалак (Сеratocarpus urticulosus), гиёҳест яксола, сершохубарг (аз 3 то 30 см қад мекашад). Баргу пояаш аз серпашмакӣ хокистарранг метобад. Баргаш майда (дарозиаш 0,5 – 7 см; бараш 0,2 – 1 см), дурушт, дарозрӯя ё нештаршакл (баъзан риштамонанд). Гулаш майда, сабзтоб (бештар баҳорон мешукуфад). Мевааш сегӯша, ба меваи ҷағҷағ монанд аст; …
Муфассал »Шаҳри Абакан
Абакан (1925 – 1931, Хакасск), шаҳр дар Федератсияи Россия, пойтахти Ҷумҳурии Хакасия (аз 1992). Дар ҷануби ғарбии Красноярск, дар қисми марказии ҳавзаи Минусинск, дар резишгоҳи дарёи Абакан ба дарёи Енисей воқеъ аст. Аҳолиаш 165,2 ҳазор нафар (2009). Узели роҳи оҳан ва роҳҳои автомобилгард мебошад, аэропорт ва бандар дорад. Дар Абакан …
Муфассал »Дарёи Абакан
Абакан, дарё дар кишвари Красноярски Федератсияи Россия, шохоби чапи дарёи Енисей. Дарозиаш 514 км; масоҳаташ ҳавзааш 32 000 км2. Дар поёнобаш дар як сония 400м3 об ҷорӣ мешавад. Дар натиҷаи ба ҳамдигар ҳамроҳ шудани Абакани Хурд ва Абакани Калон, ки аз нишебиҳои шимолии Саяни Ғарбӣ ва кӯҳҳои Олтой сар мешаванд, …
Муфассал »Бошишгоҳи Малта
МАЛТА, бошишгоҳи давраи палеолити боло дар соҳили дарёи Бела, наздикии деҳаи Мальта, 85 км ғарбтари ш. Иркутск. М. М. Герасимов соли 1928 кашф карда, то соли 1959 тадқиқ намуд. Осори иқоматгоҳҳои гуногун ёфт шудаанд. Аҳолии Мальта гавазни шимолӣ, мамонт, каркадан шикор мекард. Олоти сангӣ, маснуоти устухонӣ, инчунин бисьёр асбоби санъат …
Муфассал »МАЛАБО
МАЛАБО (Malabo) (то соли 1973 — Сапна-Исабель), пойтахти Гвинеяи Экваторӣ. Дар ҷазираи Масиас-Нгема-Бийого (собин Фернандо-По) воқеъ гаштааст. Иқлимаш экваторӣ; ҳаpopаташ мибнаи солона 25,4° С; боришоти солона қариб 2000 мм. Аҳолиаш 45 ҳазор нафар (1975). Бандар дар соҳили халиҷи Биафра (қисми халиҷи Гвинея). Аэропорт дорад. Дар Малабо корхонаҳои чӯббурӣ, чӯбгарӣ мавҷуданд. …
Муфассал »Деҳаи Майдапатта
МАЙДАПАТТА, деҳа дар С. қ- Ватани ноҳияи Фархор. Терр. колхози ба номи В. И. Ленин. Аз Майдапатта то маркази С. қ. 12 км, то район 25 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолнаш 969 нафар (1981), тоҷикону ӯзбекҳо. Деҳа мактаби миёна, китобхона, пункти тиббӣ, цехи дӯзандагӣ, 2 магазин, фермаи говпарварӣ дорад. Соҳаҳои хоҷагӣ …
Муфассал »МАЗОРИ ШАРИФ
МАЗОРИ ШАРИФ, шаҳр дар шимоли Афғонистон, дар воҳаи Балх. Маркази маъмурии вилояти Балх. Аҳолиаш беш аз 700 ҳазор нафар (2018) буда нисбати 1970-ум сол 10-маротиба зиёд шудааст. Муҳимтарин пункти тиҷорату нақлиёт. Мазори Шариф корхонаҳои пахтатозакунӣ, мошинсозӣ, коркарди металл, хӯрокворӣ (қанду шакар, ордкашӣ, равғанкашӣ), бофандагӣ (матоъҳои абрешимию пахтагин, колин ва ғ.), заводҳои …
Муфассал »