Абдуқаҳҳор, пирях дар Помири Ғарбӣ, вокеъ дар пайвандгоҳи Қаторкғҳҳои Ванҷ ва Академияи Фанҳо (баландиаш то 3317 м). Дар натиҷаи пайваст шудани ду пирях ба вуҷуд омадааст.
Дарозиаш 11,4 км, масоҳаташ 26,0 км2. Аӣдуқаҳҳор – сарчашмаи дарёи Абдуқаҳҳор (шохоби чапи дарёи Ванҷ). Пиряхи Абдуқаҳҳорро нахустин бор Экспедитсияи шӯравию олмонӣ омӯхтааст (1928).