Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия (страница 93)

Ҷуғрофия

Жаҳон Янгиликлари

СИМИГАНҶ

СИМИГАНҶ, деҳаест дар Совети қишлоқи Симиганҷи райони Орҷоникидзеободи Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон Территорияи  совхози «Орҷоникидзеобод». Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 15 км, то район 9 км; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 1620 нафар (1985), тоҷикон. Деҳа мактаби миёна, клуб, китобхона, пункти тиббӣ ва магазин дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ сабзавоткорӣ ва боғу …

Муфассал »

СИЖД

СИЖД, деҳаест дар  Навободи райони Шуғнони Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ. Территортяи совхози «Ватан». Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 8 км, то район 37 км; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 610 нафар (1985), тоҷикон. Деҳа мактаби 8-сола ва клуб дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ чорводорӣ ва зироаткорист. Заминҳо аз дарëчаи Мун обёрӣ мешаванд.

Муфассал »

СИËҲФАРК

СИËҲФАРК, деҳаест дар райони Ховалинги вилояти Кӯлоб, маркази Совети қишлоқ Шуғнон. Территорияи совхози хоҷагии ҷангалпарварӣ. Аз деҳа то маркази район 12/9 киллометр. Аҳолиаш 1130 нафар (1985), тоҷикон. Мактаби 8-сола, клуб, касалхона, пункти тиббӣ маишӣ, магазин ва ошхона дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ ҷангалпарварист.

Муфассал »

СИДНЕЙ

СИДНЕЙ, Сидни (Sidney), шаҳри сернуфузтарин дар Австралия. Маркази тиҷорату молияи мамлакат, узели муҳими нақлиёт. Маркази маъмурии штати Уэлси Ҷанубии Нав. Аҳолиаш 3310 ҳазор нафар (1982). Сидней— маркази калони саноатӣ. 3аводҳои мошинсозии нақлиётӣ ва электротехникӣ, истеҳсоли таҷҳизоти электронӣ, ҳисобмошинҳо ва яхдону асбобсозӣ мавҷуданд; металлургияи сиёҳ ва ранга, саноати бофандагӣ, хӯрокворӣ, полиграфӣ …

Муфассал »

СИБИР

СИБИР, қисми осиёии территорияи Федератсияи Росия. Аз Урал (дар Ғарб) то қаторкӯҳҳои соҳили баҳри Охота (дар Шарқ) ва аз соҳилҳои уқëнуси Яхбастаи Шимолӣ (дар Шимол) то даштҳои сертеппаи Республикаи Советии Сотсиалистии Қазоқистон, сарҳадҳои Республикаи Халқии Муғулистон ва Хитой (дар Ҷануб) тӯл кашидааст. Тамоми территорияи Сибир аз Шимол ба Ҷануб қариб …

Муфассал »

СИБИРИ ҒАРБӢ

СИБИРИ ҒАРБӢ, сарзаминест, ки байни кӯҳи Урал (дар Ғарб) ва дарëи Енисей (дар Шарқ) воқеъ гаштааст. Масоҳаташ қариб 2,8 миллион километр Территорияи Сибири Ғарбироро асосан ҳамвории Сибири Ғарбӣ ташкил медиҳад, ки он аз Шимол ба Ҷануб ба якчанд зонаҳои табиӣ (аз зонаи тундра то зонаи дашт) тақсим мешавад. Канори ҷануби …

Муфассал »

СИБИРИ ШАРҚӢ

СИБИРИ ШАРҚӢ, сарзаминест, ки аз дарëи Енисей (дар Ғарб) то бахшгоҳи қаторкӯҳҳои соҳили уқëнуси Ором (дар Шарқ) ва аз баҳрҳои уқëнуси Яхбастаи Шимолӣ то сарҳадҳои ҷанубии СССР тӯл кашидааст. Масоҳаташ 7,2 млн км2. Релефи Сибири Шарқӣ асосан аз паҳнкӯҳу қаторкӯҳҳо, ннчунин пастиҳо (дар Шимол) иборат аст. Қисми зиёди территорияи Сибири …

Муфассал »

Деҳаи СЕШАНБЕ

СЕШАНБЕ, деҳаест дар райони Турсунзодаи Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, маркази Совети қишлоқи Сешанбе. Территорияи совхози «Правда». Аз Сешанбе то маркази район 5 км; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 1060 нафар (1085), тоҷикон, ӯзбекҳо. Деҳа мактаби миёна, китобхона, клуб, пункти тиббӣ ва боғчаи бачагон дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ сабзавоткорист. Заминҳо аз дарëи Ширкент …

Муфассал »

Шаҳри СЕУЛ

СЕУЛ, шаҳри калонтарин, маркази асосии иқтисодӣ ва мадании Кореяи Ҷанубӣ. Аҳолиаш 9,5 млн нафар (11984). Бандари баҳрӣ. Корхонаҳои саноати бофандагӣ, сабук, химия, семент, коғаз, мошинсозӣ дорад. Сеул дар ибтидои асрҳои миёна ҳамчун истеҳкоми ҳарӣн бунъёд ёфтааст. То охири асри 14 шаҳри хурде буд. Солт 1394 пойтахти Корея гардид. Аз соли …

Муфассал »