Маълумоти охирин

СИБИР

СИБИР, қисми осиёии территорияи Федератсияи Росия. Аз Урал (дар Ғарб) то қаторкӯҳҳои соҳили баҳри Охота (дар Шарқ) ва аз соҳилҳои уқëнуси Яхбастаи Шимолӣ (дар Шимол) то даштҳои сертеппаи Республикаи Советии Сотсиалистии Қазоқистон, сарҳадҳои Республикаи Халқии Муғулистон ва Хитой (дар Ҷануб) тӯл кашидааст. Тамоми территорияи Сибир аз Шимол ба Ҷануб қариб ба 3500 км ва аз Ғарб ба Шарқ ба бештар аз 7000 киллометр кадоол ёфта, ба Сибири Ғарбӣ ва Сибири Шарқӣ тақсим мешавад. Масоҳаташ қариб 10 миллион км2.

  Табиати Сибир бою гуногун аст. Иқлими Сибир ниҳоят континентӣ. Сибир дар Иттифоқи Советӣ ноҳияи муҳими сайди ҳайвоноти мӯинадор ва тайёр кардани мӯина аст.

  Иқтисодиёти Сибир махсусан дар солҳои баъди ҷанг хеле тараққӣ кард.Аз соли 1975 ин ҷониб сохтмони калонтарин дар СССР Гидро Электро Стансияи Саяну Шушенск давом дорад. Конҳои ангишт, нефт, гази табиӣ, маъдани оҳан, алмос, тилло, маъданҳои полиметаллӣ, графит ва ғайра. кашф карда шуданд. Аз ҷумла дар Ёқутистон дар заминаи кони алмос саноати алмосс бунёд ёфт. Дар шимоли Сибири Ғарбӣ захираҳои калони нефт ва гази табиӣ ёфт шуданд, ки дар заминаи онҳо солҳои 60 саноати нефт ва газ барпо гардид. Ҳиссаи Сибир дар миқёси умумииттифоқии истихроҷи нефт (якҷоя бо конденсати газ) 25,4%, газ 10,2 %-ро ташкил медиҳад. Сибир ба базаи 3-юми металлургияи сиёҳи СССР табдил ёфт. Саноати маъдани кӯҳӣ металлҳои ранга ва нодир, асбест, абрақ, графит, флюорит ва ғайра медиҳад. Хоҷагии қишлоқи Сибир низ торафт ривоҷ меёбад. Киштзорҳо асосан дар ҷануби Сибир воқеъ гаштаанд.

  Калонтарин сохтмони мамлакат — Магистрали Байкалу Амур (БАМ, тӯлаш 3145 км) 29 сентябри 1984 ба охир расид. Пас аз ташкил ёфтани Шӯъбаи сибирии Академияи Фанҳои СССР (1957) бисёр муасоисаҳои нави илмӣ ба вуҷуд омаданд. Ҳоло дар Сибир институтҳои сершумори тадқиқоти илмии соҳавӣ, зиёда аз 100 мактаби олӣ, қариб 500 мактаби миёнаи махсус ва зиёда аз 19 ҳазор мактаби маълумоти умумӣ мавҷуданд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …