Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият (страница 25)

Ҷамъият

УСТАВИ ПАРТИЯИ КОММУНИСТИИ ИТТИФОҚИ СОВЕТӢ

УСТАВИ ПАРТИЯИ КОММУНИСТИИ ИТТИФОҚИ СОВЕТӢ, қонуни асосии ҳаёти дохилии Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ, ки вазифа ва ҳуқуқҳои аъзои партия, принсипҳои ташкилии он, нормаҳои ҳаёти дохилипартиявӣ ва тарзу усулҳои фаъолияти амалии онро муайян мекунад. Устави партияи коммунистии иттифоқи советӣ, ки барои ҳамаи коммунистон ва ташкилотҳои партиявӣ ҳатмист, қувваю ғайрати ҳаман аъзоёни …

Муфассал »

УСТАВИ МАКТАБИ МИЁНАИ МАХСУС

УСТАВИ МАКТАБИ МИЁНАИ МАХСУС, ҳуҷҷатест, ки вазифаҳои асосии мактаби миёнаи махсус, шӯъбаҳои он, ҳуқуқ ва вазифаҳои хонандагон, муаллимон, инчунин маъмурият, совети педагогӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ғайраро муайян мекунад. Устави мактаби бори аввал бо қарори СКХ-и СССР аз 6 июли 1944 № 830 (СП. СССР, 1944, моддаи 136) тасдиқ карда шуд. …

Муфассал »

УСТАВИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ СССР

УСТАВИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ СССР, ҳуҷҷатест, ки сохти ташкилии иттифоқҳои касаба, вазифаҳои ташкилоти иттифоқи касаба, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои аъзоёни онро танзим менамояд. Устави иттифоқҳои касабаи СССР 1 ноябри 1963 дар Съезди 13-уми иттифоқҳои касаба қабул шуд. Минбаъд ба он солҳои 1968,1972, 1977, 1982 ва 1987 дигаргуииҳо дохил шуданд. Мувофиқи устав ҳар …

Муфассал »

УСТАВИ ИТТИФОҚИ ЛЕНИНИИ КОММУНИСТИИ ҶАВОНОНИ УМУМИИТТИФОҚ

УСТАВИ ИТТИФОҚИ ЛЕНИНИИ КОММУНИСТИИ ҶАВОНОНИ УМУМИИТТИФОҚ, қонуни асосии ҳаёти дохилии ВЛКСМ, ки ном, таъинот ва мавқеи онро дар системаи сиёсии ҷамъият, муносибати тарафайни онро бо КПСС, вазифа ва ҳуқуқҳои аъзои ВЛКСМ, принсипҳои ташкилӣ, нормаҳои ҳаёти дохилии комсомол ва усулҳои фаъолияти амалии онро муайян мекунад. Устави иттифоқи ленинии коммунистии ҷавонони умумиитифоқ …

Муфассал »

УРУГВАЙИҲО

urugvayiho

УРУГВАЙИҲО, аҳолии асосии Уругвай. Шумораашон тақрибан 3 млн нафар. (1977). Забонашон испанӣ. Диндорон асосан католиканд. Дар байни Уругвайиҳо унсурҳои нажоди европоӣ зиёд аст. Аз миёнаи асри 19 муҳоҷиршавӣ аз Европа (асосан испаниҳо, италиявиҳо ва франсавиҳо) сар шуд; аксарияти аҳолии камшумори тагҷоӣ — ҳиндиҳои чарруа ва дигар то аввали асри 19 …

Муфассал »

УРБАНИЗМ

shahr

УРБАНИЗМ (аз лотинӣ urbs — шаҳр), равияе дар шаҳрсозии асри 20. Намояндагони ин равия ғояи дар тамаддуни муосир мавқеи асосӣ доштани шаҳрҳоро пеш гирифта, бештар ба лоиҳаҳое диққат медоданд, ки дар онҳо шумораи аҳоли бештар ҷойгиранд. Дар ташаккули назарияи урбанизм фаъолияти меъмори франсавӣ Ле Корбюзе мавқеи калон дошт. Дар солҳои …

Муфассал »

УПРАВЛЕНИЯИ ГЕОЛОГИЯИ РСС ТОҶИКИСТОН

УПРАВЛЕНИЯИ ГЕОЛОГИЯИ РСС ТОҶИКИСТОН, муассисаест, ки ба кори як қатор экспедисияҳо ва идораҳои геологӣ роҳбарӣ мекунад. Он 28 июни 1938 дар заминаи Трести геологии Осиёи Миёна ва отрядҳои экспедисияи Помир ва дигар ноҳияҳои Тоҷикистон ташкил шудааст. Управленияи геологияи РСС Тоҷикистон ҳам ба Вазорати геологияи СССР ва ҳам ба Совети Вазирони …

Муфассал »

УНИВЕРСИТЕТҲОИ МАРКСИЗМ-ЛЕНИНИЗМ

УНИВЕРСИТЕТҲОИ МАРКСИЗМ-ЛЕНИНИЗМ, Университетҳои шабонаи марксизм-ленинизм, яке аз шаклҳои звепои олии таълими сиёсӣ дар системаи маорифи партиявист. Мӯҳлати таҳсил 2—3 сол. Ҳайати шунавандагони Университети марксизм-ленинизмро комитетҳои КПСС, ки университетҳо дар назди онҳо ташкил шудаанд, муқаррар мекунанд. Ба Университети марксизм-ленинизм аъзоёни партия, комсомолон ва фаъолони бепартиявии бештар маълумоти олидор бо тавсияи ташкилотҳои …

Муфассал »

УНИВЕРСИТЕТҲОИ МАДАНИЯТ

УНИВЕРСИТЕТҲОИ МАДАНИЯТ яке аз навъҳои хеле паҳншудаи университетҳои ҳалқӣ — муассисаи маданию маърифатии ҷамъиятии дастраси умум, ки савияи маълумот ва маданияти меҳнаткашонро баланд мебардоранд. Нахустин Университетҳои маданият (адабиёт ва санъат) дар СССР соли 1958 ба вуҷуд омаданд, минбаъд ба монанди онҳо оид ба соҳаҳои дониш университетҳо ба кор сар карданд. …

Муфассал »