Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият (страница 24)

Ҷамъият

УШР

УШР (арабӣ- даҳяк), дар мамлакатҳои мусулмони андозест, ки ба миқдори даҳяки ҳосил (ҳар сол аз деҳқонон, чорводорон ва моҳигирон) ситонида мешуд. Дар ибтидо ушрро аз саидҳо, руҳониёни калон, инчунин баъзе амирон ва аз халқҳои ноҳияҳои «ихтиёран ба лашкари ислом таслимшуда» мегирифтанд. Обу заминеро, ки аз он ушр меситониданд, «мулки ушрия» …

Муфассал »

УЧАСТКАИ ИНТИХОБОТӢ

intixobot

УЧАСТКАИ ИНТИХОБОТӢ, дар СССР як қисми округи интихоботиро гӯянд, ки дар он миқдори муайяни интихобкунандагон овоз медиҳанд.

Муфассал »

УТОПИЯ

gorod-utopia

УТОПИЯ (аз юнонӣ u— нест, topos— ҷой, ҷон набуда, хаёлӣ, афсонавӣ), тасвири сохти ҷамъияти идеалиеро гӯянд, ки мислу монандаш дар ҳеҷ ҷой дида намешавад; ҳамаи асарҳоеро номанд, ки дар онҳо барномаи ғайривоқеии дигаргунсозиҳои иҷтнмоӣ тасвир шудааст. Истилоҳи «Утопия» аз номи асари Т. Мор «Ҷазираи «Утопия» гирифта шудааст. Дар шароити таназзули …

Муфассал »

УСУЛИ ҲИҶОӢ

book

УСУЛИ ҲИҶОӢ яке аз роҳҳои саводомӯзии қадимист. Ба шогирдон аввал ҳарфҳоро бо номҳояшон ёд дода, баъд ба ҳиҷохонӣ мегузаштанд, масалан, ба, ти, би ха. Баъд омӯзгорон калимаҳоеро меомӯазниданд, ки ҳиҷоҳои дохили он ба шогирдон шинос буданд. Баъзан саводомузиро аз ҳарфҳои садонок сар карда, баъд ба ҳарфҳои ҳамсадо мегузаштанд: масалан, ба, …

Муфассал »

УСТОХОНА

УСТОХОНА, дар археологияи асри санг маҳалли омода намудани олоти сангӣ ва партовҳои истеҳсолотро гӯянд. Дар устохона ҳамчун қароргоҳи муваққатӣ одамон коркарди ибтидоии олоти санги (нуклеусҳо, парахасангҳо, пластинаҳо ва ғайра)-ро анҷом медоданд. Ду навъи асосии устохонаи асри санг мавҷуд аст: қароргоҳ ва устохона. Устохонаҳои асри санг дар СССР қариб дар ҳама …

Муфассал »

УСТОДИ ЧОРВОДОРИИ РСС ТОҶИКИСТОН

УСТОДИ ЧОРВОДОРИИ РСС ТОҶИКИСТОН, унвони фахрӣ. Ба колхозчиён, коргарон, сардорони бригадаҳо, мудирони фермаю бригадаҳои чорводорӣ ва мурғпарварии колхозу совхозҳо, раисон ва ҷонишинони раисони колхозҳо, директорон ва ҷонишинони директорони совхозҳо ва дигар коркунони соҳаи чорводорӣ, ки онҳо дар кори зиёд намудани саршумори чорво ва парранда ва маҳсулоти он саҳми арзанда доранд, …

Муфассал »

УСТОДИ ХИЗМАТНИШОНДОДАИ ТАЪЛИМИ КАСБҲОИ ТЕХНИКӢ

УСТОДИ ХИЗМАТНИШОНДОДАИ ТАЪЛИМИ КАСБҲОИ ТЕХНИКӢ, унвони фахрӣ, ба устои таълими истеҳсолии омӯзишгоҳҳои касбҳои техникии шаҳру деҳот, инчунин ба инспекторони управленияҳои таълими касбҳои техникӣ дода мешавад. Устоди хизматнишондодаи таълими касбҳои техникӣ соли 1956 муқаррар гардид, ки аз тарафи Президиуми Совети Олии республикаҳои иттифоқӣ бо тавсияи комитетҳои республикавии таълими касбҳои техникӣ дода …

Муфассал »

УСТОДИ ПАХТАИ РСС ТОҶИКИСТОН

paxta

УСТОДИ ПАХТАИ РСС ТОҶИКИСТОН, унвони фахрӣ. Ба колхозчиён, коркунони совхозҳо, агрономҳо, коркунони муассисаҳои тадқиқоти илмӣ ва таҷрибавии пахтакорӣ, ба раисони колхозҳо ва директорони совхозҳо, ки агротехникаи пахтаро хуб аз худ карда, дар амал ҷорӣ намудаанд, дар кори парвариши пахта комёбиҳои илм ва таҷрибаҳои пешқадамро васеъ ба кор бурдаанд, бо кори …

Муфассал »

УСТОДИ БОҒДОРИИ РСС ТОҶИКИСТОН

angur

УСТОДИ БОҒДОРИИ РСС ТОҶИКИСТОН, унвони фахрӣ. Ба колхозчиён, коркунони совхозҳо, институтҳои тадқиқоти илмӣ, мутахассисони соҳаи боғу токдорӣ ва ситруспарварӣ, ки ҳар сол ҳосили фаровон ба даст оварда, дар бобати зиёд намудани истеҳсоли меваҷот, ангур ва меваҳои ситрусӣ ва ғайра саҳми калон гузоштаанд, дода мешавад. Унвони Устоди боғдории РСС Тоҷикистон ва …

Муфассал »

УСТАВИ МАКТАБҲОИ ОЛИИ СССР

УСТАВИ МАКТАБҲОИ ОЛИИ СССР, ҳуҷҷатест, ки симои ҳуқуқии мактаби олиро муайян мекунад. Дар Устави мактабҳои олии СССР нуктаҳои зерин акс ёфтаанд: асоси ҳуқуқии таъсиси он, санаи ташкил, тобеияти идора, номгӯи ихтисосҳое, ки оид ба онҳо мутахассис таиёр карда мешавад, тарзи таҳсил, номгӯи факултетҳо ва кафедраҳо, муассисаҳои тадқиқоти илмӣ ва таҷрибавии …

Муфассал »