Маълумоти охирин
Главная / Илм (страница 70)

Илм

ЭНЕРГИЯ

energy

ЭНЕРГИЯ (аз юн. energeia «- tiv сир, фаъолият), бузургии скаляриест, ки андозаи умумии таъсири мутақобил ва ҳаракати ҳамаи шаклҳои материяро ифода мекунад. Барои тавсифи миқдори таъсироти мутақобили гуногун ва шаклҳои гуногуни ба онҳо мутобниқи ҳаракат мафҳумҳои «Э.-и механикӣ», «Э.-и электромагнитӣ», «Э.-и ядроӣ», «Э.-и дохилӣ», «Э.-и химиявӣ» ва ғ. истифода мешаванд. …

Муфассал »

ЭНЕОЛИТ

eneolit

ЭНЕОЛИТ, давраи аз асри санг ба асри биринҷӣ гузаштани ҷамъиятро гуянд. Ниг. низ Асри сангу мис.

Муфассал »

ЭМПИРИОМОНИЗМ

ЭМПИРИОМОНИЗМ (аз юн. empei-ria — таҷриба ва monos — ягона), як навъи махизм аст, ки мувофиқи он олам аз маҷмӯи таҷрибаи ягона иборат мебошад. Асосгузораш А. А. Богданов. В. И. Ленин Э.-ро дар китоби худ «Материализм ва эмпириокритицизм» танқид карда, моҳияти таълимоти махистии ӯро фош намудааст.

Муфассал »

ЭМПИРИОКРИТИЦИЗМ

ЭМПИРИОКРИТИЦИЗМ (аз юн. empeiriia—таҷриба ва kritika—маҳорати муҳокима), «танқиди таҷриба» ё махизм, ҷараёни субъективию идеалистӣ дар фалсафа (ва методологияи илмро гуянд, ки тавассути Э. Мах ва Р. Авенариус тадқиқ шудааст. Як шакли позитивизми ох. а. 19 ва ибт. а. 20. Мақсади асосии Э. «таҷрибаи сирф» буда, ҳамчун воқеияти ниҳоии «бетараф» (на …

Муфассал »

ЭМПИРИЗМ

ЭМПИРИЗМ (аз юн. empeiria — таҷриба), як равяяи фалсафиро гуянд, ки бар хилофи рационализм таҷрибаи ҳиссиро манбаи ягонаи дониш мешуморад. Ҳамчун таълимот дар а-ҳои 17—18 ташаккул ёфтааст. Э.-и идеалистӣ (Ц. Беркли, Д. Юм, Э. Мах, эмпиризми мантиқӣ) таҷрибаро бо маҷмуи эҳсосот маҳдуд сохта, асоси таҷриба будани олами объективиро инкор мекунад. …

Муфассал »

ЭЛЛИПСОИД

ellipsoid

ЭЛЛИПСОИД (аз эллипс ва юн. eidos — намуд), сатҳи сарбасти марказии тартиби дуюмро гӯянд. Э. маркази симметрия (нуқтаи О) ва се тири симметрӣ (тирҳои Э.) дорад. Нуқтаи буриши тирҳои координатӣ бо Э. қуллаҳои Э. ном доранд. Ҳангоми бо ҳамворӣ буридани Э. эллипс ҳосил мешавад. Дар системаи координатаҳои росткунҷа муодилаи Э. …

Муфассал »

ЭЛЛИПСИС

ЭЛЛИПСИС, эллипс (юн. elleipsis — афтидан, партофтан, нарасидани чизе), дар забоншиносӣ афтидани ягон ҷузъи нутқи хаттӣ ва даҳониро гуянд, ки онро аз матн ё мазмуни нутқ ба осонӣ барқарор кардан мумкин аст. Мас, дар муколамаи — «Шумо куҷо меравед?— Хона».— ба ҷои ҷумлаи «Манн ба хона меравам» танҳо як калима …

Муфассал »

ЭЛЛИПС

ellips

ЭЛЛИПС (аз юн. elleipsis — камӣ, норасоӣ, афтиш), ҷои геометрии нуқтаҳои (М) ҳамвориро гуянд, ки ҳосили ҷамъи масофаи онҳо то ду нуқтаи муайяни Ғi ва Ғ2 (фокусҳои Э.) бузургии доимист (2а). Дар системаи координатаҳои росткунҷаи хОу муодилаи каноникии Э. чунин аст. Э. хатти тартиби дуюм мебошад ва нисбат ба тирҳои …

Муфассал »

ЭЛЕМЕНТҲОИ ХИМИЯВӢ

elementhoi-ximiyavi

ЭЛЕМЕНТҲОИ ХИМИЯВӢ, маҷмуи атомҳоеро гуянд, ки заряди ядроашон якхела аст. Алҳол (1987) 107 Э. х. маълуманд; 19-тон онҳоро (Тс, Rm, At, Fr, Np, Pu ва 13 элементҳо аз № 95 то 107) бори нахуст сунъӣ истеҳсол карданд, ғайр аз ин баъдтар ба миқдори ниҳоят кам Тс, Pm, rr, Np дар …

Муфассал »

ЭЛЕМЕНТҲОИ РАДИОАКТИВ

radi3

ЭЛЕМЕНТҲОИ РАДИОАКТИВ, элементҳои химиявиро гуянд, ки ҳамаи изтопҳои онҳо радиоактиванд. Ба Э. р. технеций (рақами ат. 43), прометий (рақами ат. 61) полоний (рақами ат. 84) ва ҳамаи элементҳое мансубанд, ки дар системаи даврии Менделеев баъди ин элментҳои номбаршуда меоянд. Э. р.-ро аз партовҳои истеҳсолӣ Th ва U, инчунин аз моддаҳои …

Муфассал »