МУВОЗИНАТИ МЕХАНИКА, Ҳолати системаи механикиеро гӯянд, ки зери таъсири қувваҳост. (Дар ин ҳолат ҳамаи нуқтаҳои система нисбат ба системаи сарҳисоби додашуда беҳаракат мебошад.) Агар системаи сарҳисоб инерциалӣ бошад, Мувозинати механикаро мутлақ, дар акси ҳол нисбӣ меноманд. Омӯзиши Мувозинати механика яке аз вазифаҳои асосии статика мебошад. Барои ба амал омадани Мувозинати …
Муфассал »МУВАФФАҚУДДИН АБДУЛЛАТИФ
МУВАФФАҚУДДИН АБДУЛЛАТИФ ибни Юнуси Бағдодӣ (1162, Бағдод —1231, ҳамон ҷо), табиатшинос, табиб ва географи араб. Муваффақуддин Абдулатиф оид ба ботаника, тиб, анатомия ва илмҳои дигар як қатор асарҳо эҷод кардааст, ки аз онҳо «Китоб-ул-ифода ва-л-эътибор фи-л-умур-ил-мушоҳада ва-л-ҳаводис-ил-муайяна би-араи Миср» («Китоби ифодаву аътибор дар умури мушоҳада ва ҳодисаҳои муайяни сарзамини Миср») …
Муфассал »МУБТАДО
МУБТАДО (ар. —ибтидо, оғоз, аввал), яке аз сараъзоҳои ҷумла буда предмегеро ифода мекунад, ки дар ҷумла сухан дар бораи он меравад; амалу ҳолат, таъсиру ҳаракат ва аломате, ки сараъзои дигари ҷумла — хабар ифода мекунад, ба он нигаронида шудааст (коргарон омаданд, гул шукуфт, хона сохта шуд). Мубтадо ягон аъзои мустақили …
Муфассал »МУБОДИЛАИ МОДДАҲО
МУБОДИЛАИ МОДДАҲО метаболизм, тартиби мунтазами табаддулоти моддаҳо ва энергияро гӯянд, ки мавҷудият ва аз нав барқарор шудани табиати зиндаро таъмин менамояд. Мубодилаи моддаҳо нишонаи муҳимтарин ва ҳатмии ҳаёт аст. Вай инчунин маҷмӯи ҳамаи реакцияҳои химиявӣ дар организм мебошад. Ба ақидаи Ф. Энгельс хусусияти муҳимтарини ҳаёт мубодилаи мунтазами моддаҳо бо муҳити …
Муфассал »МУБОДИЛАИ ИОНӢ
МУБОДИЛАИ ИОНӢ, мубодилаи ионҳоро дар маҳлули электролитҳо гӯянд. Мубодилаи ионӣ ду хел мешавад: якҷинса (гомогенӣ) ва гуногунҷинса (гетерогенӣ). Мубодилаи ионии якҷинса дар маҳлули электролитҳо ба вуҷуд меояд. Ҳангоми омехтани маҳлулҳои сероби электролитҳо мас., NaCl па KN03l дар омехта нонҳои Na+, К+, N03— ва С1- вуҷуд доранд. Дар ин бобат ҳолати …
Муфассал »МУБОДИЛА
МУБОДИЛА (ар. бадал кардан, иваз намудан) дар иқтисодиёт, доду гирифти неъматҳои моддӣ, ки дар асоси фаъолияти тарафайни одамон ба вуқӯъ меояд. Мубодила боиси тақсимоти ҷамъиятии меҳнат гардида, дар истеҳсолот Мубодилаи фаъолиятиро (ивази таҷриба, дониш, комёбиҳои истеҳсолию техникӣ ва ғ.) дар байни истехсолкунандагони алоҳида бошад, Мубодилаи молиро ба вуҷуд меоварад. Мубодилаи …
Муфассал »МУАЙЯНКУНАНДАИ ФУНКЦИОНАЛӢ
МУАЙЯНКУНАНДАИ ФУНКЦИОНАЛӢ, муайянкунандаест, ки элементҳояш функцияи як ё бисьёртарғйирёбанда мебошанд. Вронскиан (мафҳуме дар назарияи муодилаҳои дифференциалии хаттии тартиби олӣ), гессиан (мафҳуме дар назарияи хатҳои каниалгеордӣ) ва якобиан (мафҳуме дар назарияи муодилаҳои интегралӣ) аз муҳимтарин Муайянкунандаи функционалӣ ба ҳисоб мераванд. фосилаи Муайянкунандаи функционалии тартиби л-ум D(x) – К*х(х) | ба суммаи …
Муфассал »МУАЙЯНКУНАНДА
МУАЙЯНКУНАНДА, детерманант, як навъ ифодаи математикаест, ки дар соҳаҳои гуногуни математика истифода мешавад. Муайянкунандаи матрицаи гуфта бисёраъзоеро меноманд, ка ҳар як аъзояш ба ҳосили зарбии элементҳои матрицаи (1) баробар аст (аз ҳар як сутун ва сатри матрица дар ҳосили зарб як зарбшаванда иштирок мекунад). Яъне 2 ± a i,a atf …
Муфассал »МУАЙЯНКУНАНДА
МУАЙЯНКУНАНДА, он аъзои пайрави ҷумла, ки аз ҷиҳати грамматикӣ ба ҳиссаҳои номии нутқ тобеъ буда, аломат, сифат, хусусият, муносибат ва соҳибиятро мефаҳмонад. Муайянкунанда бе муайяншаванда вуҷуд надорад, аз ин рӯ, баъзан онро аъзои пайрави номустақил меноманд. Муайянкунанда аз рӯи ифодаи маъно, мавқеъ ва воситаи алоқа бо муайяншаванда ба ду гурӯҳи …
Муфассал »МОҲИХӮРАК
МОҲИХӮРАК (Phalacrocorax), як ҷинси паррандаҳои обиро гӯянд, ки ба оилаи Steganopodcs мансуб аст. Дарозии танаш 55 —92 см. Болу параш сиёҳ. Қариб 30 намуди Моҳихӯрак дар Европа, Америкаи Шимолӣ, Осиё, Африка, Австралия ва Зеландияи Нав паҳн шудааст. Дар СССР ва дар Тоҷикистон 2 намуди Моҳихӯрак: Моҳихӯраки калон (Ph. carbo; ниг. …
Муфассал »