Абдумуродов Шамар (таваллудаш 1928, деҳаи Оқмачити ноҳияи Узуни вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон), чӯпон, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1973). Солҳои 1945 – 1954 аввал чӯпон ва минбаъд сарчӯпони заводи зотпарварии давлатии «Қубодиён»-и ноҳияи Шаҳритуз (1954 – 1989) буд. Аз соли 1990 нафақагири шахсӣ. Абдумуродов ба комёбиҳои баланди меҳнатӣ ноил шудааст. Депутати Совета Олии …
Муфассал »Абдулҷамил
Абдулҷамил (соли таваллудаш номаълум – вафоташ 1505, Ҳирот), хаттоти тоҷик (асри 14). Зодгоҳаш Ҳирот. Дар ҳамон ҷо ба камол расидааст. Дар навиштани хати настаълиқ хеле моҳир будааст. Абдулҷамил дар мадрасаи Султонияи Ҳирот аз сарфу наҳви арабӣ дарс гирифтааст. Аз осори хаттотии ӯ «Хамса»-и Навоӣ (китобаташ соли 1484) то замони мо …
Муфассал »Абдулҷаббори Xуҷандӣ
Абдулҷаббори Xуҷандӣ (соли таваллудаш номаълум – вафот 1219, Хуҷанд), мунаҷҷим ва шоири тоҷик. Оид ба ҳаёташ маълумот нест. Аз Абдулҷаббори Xуҷандӣ асари манзуми нуҷумии «Ал-мадхал-ул- манзум фи аҳком-ин-нуҷум» («М адҳали манзум дар аҳкоми нуҷум») то замони мо расидааст. Ин асар дар байни аҳли адаб маъруф буд ва ба он мунаҷҷимони …
Муфассал »Абдулҷаббори Ургутии Самарқандӣ
Абдулҷаббори Ургутии Самарқандӣ (1831/1832, Ургут – 1912, ҳамон ҷо), хаттот ва шоири тоҷик. Яке аз чаҳор нафар ихтироъкорони навъҳои хати настаълиқ. Услуби хаттотии се нафари аввал (Мавлавӣ Соқӣ Муҳаммад, Сиддиқхони Дарахтӣ, Сиддиқхони Иштихонӣ)-ро минбаъд чандин хушнависон пайравӣ ва аз худ кардаанд, вале тарзу услуби Абдулҷабборро ҳарчанд кӯшида бошанд ҳам, касе …
Муфассал »Абдулҷаббори Меъмор
Абдулҷаббори Меъмор (соли таваллуд ва вафот номаълум), меъмор ва мусаввири тоҷик (асри 17). Аз осори меъмории Абдулҷаббори Меъмор то замони мо баъзе намунаҳо расидаанд. Тарҳи Мадрасаи Шердори Регистони Самарқанд амали ӯ буда, солҳои 1619 – 1636 бо иштироки бевоситаи меъмор бунёд ёфтааст. Дар кошиҳои сафеди равоқи даруни пештоқ номи «Усто …
Муфассал »Абдулҷаббор ибни Ҳоҷӣ
Абдулҷаббор ибни Ҳоҷӣ Алӣ Муншии Астарободӣ (соли тав.аллуд ва вафот номаълум), хаттот ва хушнависи форс-тоҷик (асри 16). Абдулҷаббор устоди хати настаълиқ буда, дар дарбори Аҳмади Гелонӣ (ҳукмрониаш 1536- 1567/1568) хизмат кардааст. Солҳои 60 асри 16 дар Қазвин асир ва дар китобхонаи шоҳ Тахмосб хаттот ва мусаввир будааст. Солҳои 70 асри …
Муфассал »Абдулҷаббор
Абдулҷаббор (соли таваллуд ва вафот номаълум), хаттоти эронӣ (асри 17). Роҷеъ ба ҳаёт ва фаъолияти Абдулҷаббор то ҳол маълумоти кофӣ дастрас нашудааст. Намунаҳои хати ӯ дар китобхонаҳои Лондон, Париж (масалан, «Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ, китобаташ соли 1624, «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ, китобаташ 1633/1634) маҳфузанд.
Муфассал »Абдулҳасанов Абдулраҳим
Абдулҳасанов Абдулраҳим Абдулҳамидович (таваллудаш 28. 6. 1960, деҳаи Учқӯрғони ноҳияи Қадамҷои Қирғизистон), арбоби риштаи ҳуқуқи тоҷик, генерал-майори адлия (2008). Хатмкардаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон (1983). Солҳои 1983 – 1986 муфаттиши прокуратураи нақлиётии Тоҷикистон, 1987 – 1891 сармуфаттиш оид ба корҳои махсусан муҳим дар назди Прокурори РСС Тоҷикистон, 1991 -1992 …
Муфассал »Абдулҳақов Нусратулло
Абдулҳақов Нусратулло (10. 1. 1930, деҳаи Сияҳлояки ноҳияи Ховалинг -2004, Душанбе), арбоби давлатӣ ва низомӣ, генерал-майори милитсия (1975). Омӯзишгоҳи омӯзгорӣ (1946) ва Институти давлатии педагогии Кӯлобро (1948) хатм карда, дар мактабҳои ноҳияи Балҷувон даресдодааст. Котиби якуми Комитети комсомолии ноҳияи Балҷувон (1950 – 1952), мудири шӯъбаи Комитети ҳизби коммунистии ҳамин ноҳия …
Муфассал »Абдулҳайи Муҷахарфӣ
Абдулҳайи Муҷахарфӣ, Шайх Абдулҳайи Домулло Муҳаммадсобири Абдулазим (1867, деҳаи Муҷаҳарфи Раштқатл 1931, маҳаллаи Сариосиёи Душанбе), адиб, донишманд ва орифи тоҷик. Падари Абдулҳайи Муҷахарфӣ таҳсилкардаи яке аз мадрасаҳои Бухоро ва муфтии Муҷаҳарф буд. Абдулҳайи Муҷахарфӣ таҳсили ибтидоиро назди падар шурӯъ карда, минбаъд аз шайх Шаҳобуддини Ёзгандӣ (пири тариқат дар Тавилдара) сабакҳои …
Муфассал »