Маълумоти охирин
Главная / Илм (страница 110)

Илм

СЕЛЕВК

Селевки I Никатор

СЕЛЕВК, номи якчанд шоҳони сулолаи Селевкиён. Асосгузори сулола Селевки I Никатор (яъне «Ғолиб»). У аз ашрофони мақдунӣ буда, ҳанӯз дар давраи юриши Искандари Мақдунӣ ба Шарқ ном бароварда буд. Баъди вафоти Искандар, ҳангоми тақсимоти сатрапияҳо дар байни лашкаркашон соли  321 то милод. Селевки I ҳокими Бобулистон шуд. Мод, Бохтар, Шушро …

Муфассал »

СЕЛАИ МЕТЕОРҲО

СЕЛАИ МЕТЕОРҲО, маҷмӯи метеорҳоро гӯянд, ки ҳангоми ба атмосфераи Замин дохил шудани сели метеорҳо ба вуҷуд меояд. Селаи метеорҳо ба системаи Офтоб дохил мешавад. Мадори он дар атрофи Офтоб эллипсшакл буда, мадори сайёраҳоро бурида мегузарад. Селаи метеорҳо бо усулҳои фотографӣ, радиолокатсионӣ мушоҳида мешавад ва дар асоси мушоҳидаҳо ба Замин дучор …

Муфассал »

СЕЛ

СЕЛ, аз водию кӯҳҳо ва сою ҷариҳо ба муддати кӯтоҳ ҷорӣ шудани обҳои лойолуди серсангро гӯянд, ки дар натиҷаи боридани жола ё борони сахт ва аз ҳад зиёд об шудани барфу пиряхҳо ба амал меояд. Сел дар қисми зиёди территорияи Тоҷикистон, аз ҷумла дар ноҳияҳои ҳавзаи дарёи Зарафшон, нишебиҳои ҷанубии …

Муфассал »

СЕКУНҶАи ростхатта

СЕКУНҶАи ростхатта, як қисми ҳамворист, ки бо се порчаи хати рост (ҷуфт-ҷуфт ҳамдигарро дар як нуқта буранда) маҳдуд шудааст. Порчаҳоро тарафҳои Секунҷа нуқтаҳои муштаракро қуллаҳои Секунҷа меноманд. Секунҷаи тарафҳояшон баробарро секунҷаи баробартараф ё секунҷаи мунтазам. Секунҷаи ду тарафаш баҳам баробарро секунҷаи баробарпаҳлу меноманд. Секунҷаи ҳамаи, кунҷҳояш тезро Секунҷаи тезкунҷа, як …

Муфассал »

СЕКСТАНТ

СЕКСТАНТ (лотинӣ sextans), бурҷест дар экватори осмонӣ. Тобиши муниртарин ситорааш ба 4,0 қадри ситоравии зоҳирӣ баробар аст. Моҳҳои феврал— март Секстант аз хоки СССР нағз мушоҳида мешавад. Нигаред Осмон.

Муфассал »

СЕКСОПАТОЛОГИЯ

СЕКСОПАТОЛОГИЯ, илми бемориҳои ҷинсӣ, як соҳаи тибро гӯянд, ки ташхис, табобат ва пешгирии бемориҳои ба алоқаи ҷинсӣ ва ахлоқи ҷимоӣ вобастаро меомӯзад. Секспотология ба омӯзиши иллатҳои ҷинсӣ ва ҷимоии зерин машғул аст: бе- зурётӣ; сардии ҷинсӣ; инҳирофоти (фосиқиҳои) мухталифи ҷимоъ (ҳомосексуализм, яъне муҷомиати ҳамҷинсон — зан бо зан ё мард …

Муфассал »

СЕКРЕСИЯҲО

СЕКРЕСИЯҲО, дар геология, агрегатҳои лӯндаи минералиеро гӯянд, ки дар натиҷаи бо моддаҳои кристаллӣ ё коллоидӣ пур шудани ковокии ҷинсҳои кӯҳӣ ҳосил мешаванд. Аз девораи ковокӣ ба самти марказ ҳалқашаклу қабат-қабат ҷой гирифтаии моддаҳои минералӣ ҷиҳати хоси аксари Секресияҳо мебошад. Ин қабатҳо аз якдигар бо ранг ё таркиби худ фарқ мекунанд. …

Муфассал »

СЕКСОЛОГИЯ

СЕКСОЛОГИЯ (аз лотинӣ sexus — ҷинс), ҷинсомӯзӣ, «илми ҷинс», як фасли тибро гӯянд, ки масъалаҳои биологии ҷинс, гигиена ва психологияи алоқаи ҷинсӣ, никоҳ ва оила, тарбияи ҷинсӣ ва ғайраро меомӯзад. Шаҳват ё ҳисси шаҳвонӣ ва ҳаёти ҷинсӣ яке аз ғариза (инстинкт)-ҳои зӯртарини ҷонварон — наслронӣ ё давом додани авлоди қабилаи …

Муфассал »

СЕКАНС

СЕКАНС (лотинӣ secons — буранда, аз sесо — мебурам, ҷудо мекунам), як функсияи тригонометрист; ишораташ sес. Дар секунҷаи росткунҷа нисбати гипотенуза бар катети ба кунҷи тез часпидаро Секанси ин кунҷ меноманд.

Муфассал »