Маълумоти охирин

СЕЛ

СЕЛ, аз водию кӯҳҳо ва сою ҷариҳо ба муддати кӯтоҳ ҷорӣ шудани обҳои лойолуди серсангро гӯянд, ки дар натиҷаи боридани жола ё борони сахт ва аз ҳад зиёд об шудани барфу пиряхҳо ба амал меояд. Сел дар қисми зиёди территорияи Тоҷикистон, аз ҷумла дар ноҳияҳои ҳавзаи дарёи Зарафшон, нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисору Дарвоз, дарёҳои Вархоб, Хингоб, Помири Ғарбӣ, Панҷ, Ванҷ, Ғунд ба амал меояд. Дар ҷойҳое, ки хавфи Сел вуҷуд дорад, дарахт мешинонанд, ҳар гуна иншооти гидротехникӣ месозанд. Бо тадқиқ, пешгӯӣ ва пешгирӣ кардани Сел Управленияи республикавии Тоҷикистон оид ба обуҳавосанҷӣ ва назорати муҳити табиат машғул аст.

В. Ю. Лобко.

 

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …