Маълумоти охирин
Главная / Гуногун (страница 68)

Гуногун

ФАЗЛУДДИН Муҳаммад

ФАЗЛУДДИН Муҳаммад ибни Қавом ибни Рустам ибни Аҳмад ибни Маҳмуди Балхӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), луғатнависи форсизабони Ҳиндустон (асри 14). Фарҳанги «Баҳр-ул-фазоил фӣ манофеъ-ил-афозил» (таълифаш тақрибан 1393) яке аз таълифоти ӯст, ки ба қатори қадимтарин фарҳангҳои форсӣ-тоҷикӣ дохил мешавад. Тартиби ҷойгиршавии калимаҳои фарҳанг мутобиқи ҳарфҳои аввалу дуввуми онҳост. Дар …

Муфассал »

ФАЗЛМАВЛОҲОНИ ЛАКҲНАВӢ

ФАЗЛМАВЛОҲОНИ ЛАКҲНАВӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форсизабони Ҳиндустон (асри 16). Аз шоирони дарбори Акбар. Асарҳои мансуру манзум доштааст. Девонаш то ҳол пайдо нашудааст. Аз ӯ якчанд ғазалу қасида боқист. Ин абёт намунаи шеъри ӯст: Шоми ҳиҷрон зи ману зулфи парешон аз ту, Субҳи мотам зи ману чоки гиребон …

Муфассал »

ФАЗЛИИ НАМАНГОНӢ

ФАЗЛИИ НАМАНГОНӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири тоҷик (асри 19). Фазлии Намангонӣ дар Намангон соҳиби мансабе буд. Баъдтар ба Хӯқанд омада кори эҷодиашро дар дарбори Амирӣ давом дод ва ба дараҷаи маликушшуароӣ расид. Солҳои охири ҳаёташ дар Намангон зистааст. Фазлии Намангонӣ «Шоҳнома» ном асари таърихӣ дорад, ки дар он …

Муфассал »

ФАЗЛИИ БУХОРОӢ

ФАЗЛИИ БУХОРОӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс-тоҷик (охири асри 12—ибтидои асри 13). Ҳамдарси Муҳаммади Авфӣ. Дар Бухоро зиндагӣ ва эҷод кардааст. Фазлии Бухороӣ донишманди мӯътабари замонаш буд, вале ҳукуматдорон ба қадри илму донишаш нарасиданд, аз ин рӯ сафари Ҳиндустонро пеш гирифт. Муҳаммади Авфӣ дар «Лубоб-ул-албоб» аз ӯ 1 …

Муфассал »

ФАЗА

ФАЗА (аз юнонӣ рhasis — пайдоиш), давр, зинаест дар инкишофи ягон ҳодиса.

Муфассал »

ФАЁЗОВ Очил

ФАЁЗОВ Очил (Устоочил) (1888, Уротеппа—5. 7. 1974, ҳамон ҷо), наққоши халқӣ. Аз оилаи ҳунарманд. Наққошро аз бобояш омӯхтааст. Т. биноҳои Уротеппа ва ноҳияҳои онро зинат дода, дар наққошии биноҳои ҷамъиятии шаҳру районҳои республика низ иштирок кардааст. Дар Виставкаи байналхалқии Париж (1936) чанд намунаи ҳунари Фаёзов намоиш дода шудаанд. Фаёзов чун …

Муфассал »

ФАДЕЕВ Александр Александрович

ФАДЕЕВ Александр Александрович (24. 12. 1901, Кимры, ҳоло вилояти Калинин—13. 5. 1956, Москва), нависандаи советии рус, ходими ҷамъияти. Аъзои КПСС аз соли 1918. Дар оилаи революсионерони касбӣ ба камол расид. Аз соли 1908 дар Шарқи Дур зистааст. Ҳангоми таҳсил дар Омузишгоҳи савдои Владивосток (1912—18) бо болшевикон шиносои пайдо кард. Дар …

Муфассал »

ФАДЕЕВ Людвиг Дмитриевич

ФАДЕЕВ Людвиг Дмитриевич (таваллуд 23. 3. 1934, Ленинград), математик ва физики назариётчии советӣ, академики Академияи Фанҳои СССР (1976). Аз соли1976 муовини директори Шӯъбаи ленинградии Институти математикаи Академияи Фанҳои СССР ба номи В. А. Стеклов. Асарҳои Фадеев ба математика ва физикаи назариявӣ оиданд. У ҳалли масъалаи се ҷисмро дар механикаи квантӣ …

Муфассал »

ФАГ

ФАГ (аз юнонӣ рhagos — фурӯбаранда, хӯранда), қисми калимаҳои мураккаберо гӯянд, ки хӯрдан, фурӯ бурданро ифода менамояд (масалан, бактериофаг).

Муфассал »

ФАВҚИИ ЯЗДӢ

ФАВҚИИ ЯЗДӢ Фавқуддин Аҳмад (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири эронӣ (асри 17). Дар шаҳри Тафти наздикии Язд ба дунё омадааст. Дар ҳаҷв ҳунари баланд дошт. Куллиети шоир, ки ду нусхаи он дар Эрон маҳфуз аст, асарҳон зайлро дар бар мегирад: дебочаи насрӣ, «Нағамот», достони «Фарҳод ва Ширин», «Соқинома», қасоид …

Муфассал »