МУЛЛОБОЕВ Эргаш (таваллуд 1926, деҳаи Ғулакандози pайони Пролетар, чорводор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1971). Иштирокчии Ҷанги Бузургни Ватанӣ (1941—45). Солҳои 1940—43 колхозчӣ, 1947—66 механизатор ва аз соли 1967 сардори бригадаи хошоктайёркунии колхози ба номи Владимир Илич Ленини райони Пролетар мебошад, Бригадир Муллобоев охирҳои 1967- 71 мунтазам ба ҳисоби миёна аз ҳар …
Муфассал »МУЛЛОБЕҲЗОД
МУЛЛОБЕҲЗОД (соли таваллуд ва вафот номаълум), мусаввири асри 17 тоҷик, намояндаи мактаби минётури Бухоро. Дар китобхонаҳои Абдулазизхон ва Субҳонқулихон кор кардааст. Аз ҳунари ӯ чор минётур дар «Хамса»-и Низомӣ (солҳои 1668— 71 дар Бухоро китобат шудааст; дар коллексияи Честер Битти, Дублин) боқӣ мондааст. Тахмин меравад, ки Муллобеҳзод дар ороишоти дигар …
Муфассал »МУЛЛО НАСРИДДИН
«МУЛЛО НАСРИДДИН», журнали мусаввари ҳафтаинаи ҳаҷвӣ ба за- бони озарӣ. Солҳои 1906—12 дар Тифлис аз тарафи Ҷ. Мамедқулизода нашр мешуд. Январи 1913 аз нав барқарор шуда, октябри 1914 нашри он боз қатъ гардид. Журнал ғояҳои Револютсионӣ 1905—07 ва манфиати ҳаракати кор- гарии Закавказияро ифода менамуд ва дар тамоми Шарқи Наздику …
Муфассал »«МУЛЛО МУШФИҚӢ»
«МУЛЛО МУШФИҚӢ», иловаи газетаи «Овози тоҷик». Шумораи 1 бо номи «Ширинкор» (4 сентябр 1925) ва шумораи 2 бо номи «Мулло Мушфиқӣ» баъди як сол (27 сентябр 1926) аз чоп баромад. Аз шумораи 21 (июни 1929) «Мушфиқӣ» ном гирифт. Моҳи марти 1932 бо номи «Бигиз» интишор ёфт. «Муло Мушфиқӣ», ки дар …
Муфассал »МУКОФОТҲОИ БАЙНАЛХАЛҚИИ ЛЕНИНӢ «БАРОИ МУСТАҲ- КАМ НАМУДАНИ СУЛҲИ БАЙНИ ХАЛҚҲО»
МУКОФОТҲОИ БАЙНАЛХАЛҚИИ ЛЕНИНӢ «БАРОИ МУСТАҲ- КАМ НАМУДАНИ СУЛҲИ БАЙНИ ХАЛҚҲО», мукофотҳои фахрӣ, ки ба гражданиҳои ҳар як мамлакат, қатъи назар аз ақидаи сиёсӣ, мансубияти партиявӣ, эътиқоди динӣ ва ирқу нажоди онҳо, барои хизмати бузург дар мубориза барои мустаҳкам кардана сулҳи байни халқҳо дода мешаванд. 20 декабри 1949 бо Укази Президиуми …
Муфассал »МУКОФОТИ НОБЕЛӢ
МУКОФОТИ НОБЕЛӢ, мукофоти ҳарсолаи байналхалқӣ, ки номи му- ассиси он инженери химик, ихтироъкор ва саноатманди швед Альфред Бернхард Нобелро гирифтааст. Мувофиқи васияти Нобел маблағеро, ки баъди вафоти ӯ боқӣ монд ва аввалҳо 31 миллион крони шведиро ташкил медод, ба фонди Нобел гузарониданд; маблағи мазкур дар аксия, облигасия ва заём гузошта …
Муфассал »МУКОФОТИ ЛЕНИНӢ
МУКОФОТИ ЛЕНИНӢ, дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР яке аз шаклҳои олитарини ҳавасмандгардонии гражданинҳо барои комёбиҳои барҷастаи эҷодӣ дар соҳаи илм, техника, адабиёт, санъат ва меъморӣ. Мукофоти ба номи Владимир Илич Ленин аввалин бор соли 1925 таъсис шуда буд, солҳои 1935—57 дода нашудааст. Соли 1957 мукофотонидани Мукофоти ленинӣ барои асарҳои …
Муфассал »МУКОФОТИ КОРГАРОНИ НОРАК
МУКОФОТИ КОРГАРОНИ НОРАК, мукофоти адабии коргарони ГЭС-и Норак, ки соли 1974 мувофиқи шартномаи ҳамкории байни бинокорони ГЭС ва идораи журнали «Дружба народов» таъсис ёфтааст. Мукофоти коргарони Норак ҳар сол як маротиба барои беҳтарин асари замонавӣ, ки дар «Дружба народов» ба табъ мерасад, дода мешавад. Соли 1974 аввалин бор нависанда К. …
Муфассал »МУКОФОТИ ИТТИФОҚИ ЖУРНАЛИСТОНИ ТОҶИКИСТОН
МУКОФОТИ ИТТИФОҚИ ЖУРНАЛИСТОНИ ТОҶИКИСТОН ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, мукофоти республикавист, ки барои силсилаи очерку мақолаҳои беҳтарини публисистӣ, барномаҳои баландмазмуни телевизионию гуфторҳои радио дар мавзӯъҳои тараққиёти соҳаҳом гуногуни хоҷагӣ ва мадании республика, инкишофи мусобиқаи сотсиалистӣ ва тарбияи коммунистии меҳнаткашон дода мешавад. Бо мақсади инкишофи минбаъдаи журналистикаи Тоҷикистон дар асоси принсипҳои ленинӣ …
Муфассал »МУКОФОТИ «ДРУЖБА НАРОДОВ»
МУКОФОТИ «ДРУЖБА НАРОДОВ», барои коргарони Норак, мукофотест, ки соли 1974 мувофиқи шартномаи ҳамкории байни бинокорони ГЭС-и Норак ва идораи журнали “Дружба народов», ки сохтмони ГЭС-ро ба шефӣ гирифтааст, таъсис ёфт. Ҳар сол як маротиба диплом ва обунаи солонаи журнал бо замимааш ба ғолибонн мусобиқаи сотсиалистӣ, ба беҳтарин коллективҳо, бригадаҳо, ба …
Муфассал »