Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МУКОФОТИ «ДРУЖБА НАРОДОВ»

МУКОФОТИ «ДРУЖБА НАРОДОВ»

mukofotМУКОФОТИ «ДРУЖБА НАРО­ДОВ», барои коргарони Но­рак, мукофотест, ки соли 1974 мувофиқи шартномаи ҳамкории байни бинокорони ГЭС-и Норак ва идораи журнали “Дружба народов», ки сохтмони ГЭС-ро ба шефӣ гирифтааст, таъ­сис ёфт. Ҳар сол як маротиба дип­лом ва обунаи солонаи журнал бо замимааш ба ғолибонн мусобиқаи сотсиалистӣ, ба беҳтарин коллективҳо, бригадаҳо, ба коргарону хизматчиёи тақдим мешавад. Вақти муайян кардани лауреатҳо на фақат натиҷаи корҳои истеҳсолӣ, инчунин дараҷаи маданият, иштироки онҳо дар инкишофи ҳаёти мадании шаҳр ва тарбияи маънавию эстетикии аҳолӣ, муносибати онҳо ба иҷрои

вазифаҳои ҷамъиятӣ низ ба нааар гирифта мешаяад. Коллективи бригадаи найбканон (сардораш Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ В. Н. Остапов) ва инженери «Норакгэсстрой В. И. Рымаревич аввалин лау­реатам Мукофоти «Дружба народов” буданд. Инчунин собиқ котиби якуми Комитети партаявии шаҳри Норак П. И. Горбачёв раиси завкоми ГЭС-и Норак А, X. Ҳотамов, сардори сехи базаи мошинҳои вазнин П. Шарифов, сардори участкаи управленияи «Спесгидроэлектромонтаж» Б. Е. Иванов, котиби комитети партиявии сохтмони ГЭС-и Норак К. В. Косенко, сар­дори устохонаи марказии таъмири механикӣ  X. И. Икромов, участкаи сохтмони бинои ГЭС-и Норак, филиали Иттиҳодияи «Автотранспорт» дар Норак, бригадаи васлгарон, бри­гадаи монтажчиён, бригадаи ронандагон ва чандин коргарону хизматчиёни дигар сазовори Мукофоти «Дружба народов» гардидаанд.

Адабиёт: «Дружба Народов», 1976, № 2;

От Нурека к Рогуну, Москва, 1976.

Н. Файзуллоев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …