РАНВЕ (Panvie;) Габриел (8. 7. 1828, Божи, Шер—27. 11. 1879, Париж), аъзои Коммунаи Париж, бланкичӣ. Рассом. Дар давраи Парижро муҳосира кардани қӯшунҳои Пруссия (1870) командири баталёни Гвардият миллӣ буд. Яке аз ташкилотчиёни шӯриши 31 октябри 1870 6а муқобили «ҳукумати мудофиаи миллӣ». Аъзои КМ 20 округ ва КМ Гвардияи миллӣ, Комиссияи …
Муфассал »РАНАДЕ Махадев Говинд
РАНАДЕ Махадев Говинд (18. 1. 1842, Нифад, Маҳароштра —17. 1. 1901), ходими ҷамъиятӣ ва сиёсии Ҳиндустон, иқтисодчӣ. Аз оилаи бараҳмани доро. Университети Бамбайро хатм намудааст. Солҳои 1885—1893 аъзои Шӯрои қонунбарори президенти Бамбай буд. Яке аз роҳбарони ташкилоти буржуазию миллатчии Ҳиндустон дар Маҳароштра, баъдтар Конгресси миллии Ҳиндустон. Дар ҳаракати миллии Ҳиндустон …
Муфассал »РАМУЗӢ Мирашрафи Самарқандӣ
РАМУЗӢ Мирашрафи Самарқандӣ (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 1599), шоири тоҷик. Дар ашъораш «Рамузӣ», «Мирра музӣ» ва «Ашрафӣ» тахаллус кардааст. Ба қавли тазкиранависон (Мутрибӣ) Рамузӣ дар шеър хушсалиқаю рамузфаҳм, табъаш бағоят дақиқ ва суханаш санҷида будааст. Ба шаҳру кишварҳои Осиёи Миёна сафарҳо карда, бо аксари шоирони замонаш робитаи эҷодӣ доштааст. …
Муфассал »РАМПА
РАМПА дар театр, таҷҳизоти равшанидиҳандае, ки дар саҳни театр (дар пеш ё канори он) гузошта мешавад. Барои аз пеш ва ақиб равшан кардани саҳна хизмат мекунад. Дар театри муосир Рампа танҳо як қисми системаи равшанидиҳандаи саҳна ба шумор меравад.
Муфассал »РАМСЕС
РАМСЕС, номи фиръавнҳои Мисри Қадим. Машҳуртаринашон: Рамсес II (номи аврангиаш Усер-маат-Расотепен-Ра), фиръавни (охири асри 14— миёнаи асри 13 то мелод) сулолаи XIX. Дар аҳди ӯ Миср хеле пурқувват гардид, бо хетҳо дуру дароз ҷангида, Фаластин ва Сурияи Ҷанубиро ба Миср ҳамроҳ кард. Қароргоҳашро аз Фива ба шимолу шарқи Делта кӯчонид, …
Муфассал »РАМОД
РАМОД, ниг. Хокистар.
Муфассал »РАММОЛӢ
РАММОЛӢ (арабӣ аз Joper), навъе аз фол: ба рӯи peг ё хок нуқтаҳо монда, онҳоро бо хатҳо ба ҳам мепайвастанд ва пас таркиби ии хатҳоро маънидод мекарданд. Раммолӣ бештар дар Осиёи Миёна, Қазоқистон, Афғонистон, Эрон расм шуда, шахси ба Раммолӣ машғулбударо раммол меномиданд. Тарзҳои гуногуни Раммолӣ вуҷуд доштанд: 1) раммолон …
Муфассал »РАМЗИИ ИСФАҲОНӢ
РАМЗИИ ИСФАҲОНӢ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири асри 16 форс-тоҷик. Маълумоти: тарҷу- маиҳолӣ дар бораи Рамзии Исфаҳонӣ хеле кам аст. Тазкиранависон аз ӯ ҳамчун шоири ғазалсарои давр, яке аз бузургони шаҳри Исфаҳон ёд мекунанд. Дар Дум вафот кардааст. Ашъори парокандаи Рамзии Исфаҳонӣ дар тазкираву баёзҳо сабт гардидааст. Ин абёт …
Муфассал »РАМЗИИ ХӮҚАНДӢ
РАМЗИИ ХӮҚАНДӢ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири тоҷик. Дар охири асри 18 ва ибтидои асри 19 умр ба cap бурдааст. Тафсилоти ҷараёни зиндагиаш равшан нест. Фазлии Намангонӣ ва Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ дар шеър табъи равону лаёқати баланд доштанашро зикр кардаанд. Возеҳ менависад: «Ашъораш дилпазир ва беназир, дар санъати қасида …
Муфассал »РАМАН Чандрасекхара Венката
РАМАН (Raman) Чандрасекхара Венката (7. 11. 1888, Тируччираппали—21. 11. 1970, Бенгалуру), физики ҳинд. Писари муаллими коллеҷ. Дар университети Мадрас (1903—1907) таҳсил намудааст. Солҳои 1907—1917 дар департаменти молия адои хизмат дошт ва дар айни замон дар лабораторияи Ассосиатсияи тараққиёти илми Ҳиндустон (ки сонитар дар ташкили он Раман саҳми бузург гузошта буд) …
Муфассал »