РАМЗИИ ХӮҚАНДӢ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири тоҷик. Дар охири асри 18 ва ибтидои асри 19 умр ба cap бурдааст. Тафсилоти ҷараёни зиндагиаш равшан нест. Фазлии Намангонӣ ва Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ дар шеър табъи равону лаёқати баланд доштанашро зикр кардаанд. Возеҳ менависад: «Ашъораш дилпазир ва беназир, дар санъати қасида ва ғазал ва маснавӣ иқтидори балиғ дошта». Осори пурраи Рамзии Xӯқандӣ дастрас нест. Дар «Маҷмӯат- уш-шуаро»-и Фазлӣ, тазкираи Возеҳ, баёзҳо ва «Намунаи адабиёти тоҷик»-и С. Айнӣ намунаи ғазалҳояш оварда шудаанд. Рамзии Xӯқандӣ шоири лирик аст. Дар ашъораш тасвирҳои рангину ҳаяҷонбахш бисёр дида мешаванд. Забони шеърҳояш фасеҳу район аст. Ғазалиёташ мазмунн ошиқона дорад.
Ин ғазал аз ӯст:
То ба гулгашти чаман он гулъузор омад бурун,
Наргис аз шабнам ба чашми ашкбор омад бурун.
Чун шунидам муждаи васлаш, ба истиқболи ӯ,
Ҷони ғамгини ман аз ҷисми низор омад бурун…
Хоки ҳасрат рехт бар cap, аз надомат доғ шуд
Ҳамчу шамъ он нас, ки соҳибэътибор омад бурун.
Месазад райҳон фитад, Рамзӣ, зи чашми эътибор,
То хати мушкин ба даври лаъли ёр омад бурун.
А. Маҳмадаминов.