Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАМЗИИ ХУКАНДИ

РАМЗИИ ХУКАНДИ

РАМЗИИ ХУКАНДИ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири точик. Дар охири асри 18 ва ибтидои асри 19 умр ба cap бурдааст. Тафсилоти чараёни зиндагиаш равшан нест. Фазлии Намангони ва Кори Рахматуллохи Возех дар шеър табъи равону лаёкати баланд доштанашро зикр кардаанд. Возех менависад: «Ашъораш дилпазир ва беназир, дар санъати касида ва газал ва маснави иктидори балиг дошта». Осори пурраи Рамзии Xуканди дастрас нест. Дар «Мачмуат- уш-шуаро»-и Фазли, тазкираи Возех, баёзхо ва «Намунаи адабиёти точик»-и С. Айни намунаи газалхояш оварда шудаанд. Рамзии Xуканди шоири лирик аст. Дар ашъораш тасвирхои рангину хаячонбахш бисёр дида мешаванд. Забони шеърхояш фасеху ра­йон аст. Газалиёташ мазмунн ошикона дорад.

Ин газал аз уст:

То ба гулгашти чаман он гулъузор омад бурун,

Наргис аз шабнам ба чашми ашкбор омад бурун.

Чун шунидам муждаи васлаш, ба истикболи у,

Чони гамгини ман аз чисми низор омад бурун…

Хоки хасрат рехт бар cap, аз надомат дог шуд

Хамчу шамъ он нас, ки сохибэътибор омад бурун.

Месазад райхон фитад, Рамзи, зи чашми эътибор,

То хати мушкин ба даври лаъли ёр омад бурун.

А. Махмадаминов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.